Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ман нагурехтаам, руст шудам... Корҳо басанда шаванд, боз бармегардам, лекин кай басанда мешаванд? Намедонам. Махсум шапидан дорад, худаш ягон бало накунад агар, аз дигараш умед нест. Махсума Худо мадад мекунад. Пок аст. Саид аст.
— Ҳама гурехтанд ё фақат...
— Чӣ хел фақат ман? Ҳама гурехтанд. Занону кўдакон монданд... Ту бойбачча ҳам, ки гурехта бошӣ, пас кӣ намегурезад...
Гурехтанд, лекин ҳоло ҳам мешапанд. Худо ёр аст ба Махсум...
Пеш ҳама сирру савдоро медонистам, ҳоло аз чизе хабар надорам... Мебинӣ, ки дар ин ғор гунгу кару кўр барин мешинам...
Лекин, гуфти худат, ҳамон сиёҳи оташчашм ба ман ҳам маъқул не. Ё парронам ҳамонро?
— Садояш...
...Лекин садояш баромад – ҳарчанд Абўшукур эҳтиёт кард, садояш баромад: аввал рў-рўи шахҳо акс дода, то теппаҳои хока рафт, сонӣ дар мағзи шахҳо фурў хуфт; ҳамчу инсоне, ки дар зиндагӣ тозад-тозаду даруни хоки сард хобад. Садо дар синаи кўҳи сангӣ ҷой гирифт ва тир андар синаи Абўшукур...
Абўшукур ҳаво гарм гуфта, ҷома кашида, лаби об фаромад, то ба тан об гирад. Ғаддор кисабағали ҷомаи ўро кофта тирро ёфт ва як бор аз даҳонаи ғор ҷониби пайроҳа нигариста, ба набудани Абўшукур имон овард ва дартоз даромада, аз роғи девори ғор камонро гирифта, тир ҷой кард ва боз ба даҳонаи ғор омада бунак гирифт: мили камонро бар шахпораи андаке пешҷаста гузошт ва ҷониби пайроҳа нигарист. Ҳамон зайл дурудароз истод – то ҳадде, ки қариб аз нияташ гашта буд. Нафас ба дарун кашида, чашми чап пўшида, аз нова ба каровулак зеҳн монда, ба пайвандгоҳи дуроҳаи пайроҳаву уреброҳа дид кард, ки ана-ана пайдо шаваду ў куланги камонро пахш кунад ва садои тир гўшро кар карда оламро фаро гирифта, ҳамаро ба по хезонад: ҳам ҷону ҷонваронро, ҳам одамонро... Ва ин гурбаи тезчашм чӣ кор кунад?... Беихтиёр ба сари шахчае, ки ҳар замош гурба он ҷо пайдо мешуд, нигарист ва ҷонвари ба назар зебои дар амал бадхўро дид. Гурба диққати ўро рабуд; андаке пеш хамида, ёли гарданашро бардошта ва думи ходаашро паст карда, ба ҷаҳидан омода гашт, ки аз он баландӣ худро ба рўи одам меандохта бошад. Вай пурра омода гашт, фақат нохуни панҷаҳояш ба шахча часпида буданд, дигар ҳама танаш пеш хамида, гўё бол мебарораду дароз шуда – гарданаш ёзида ва думаш аз танааш ҳам дарозтар, омада, ўро савор мешавад ва ба замин афканда, аз гулўяш дандон зада, хунашро мемакад...
Ба назараш сиёҳие дар дуроҳа пайдо шуд ва ў гурбаро монда, он сў нигашт ва саҳл монда буд, ки куланги камонро пахш кунад.
Сиёҳӣ набуд. Ў боз ба гурба нигарист, ки на гурба ҳасту на чизи дигар. Дасту пояш сахттар ларзиданд. Яқин кард, ки ҳоло Абўшукур пайдо шавад, парронад ҳам, тираш намерасад. Кулангро пахш мекунаду тираш ба куҷое меравад, ки садои тири ба нишон нарасида баландтар мешавад.

пешина
аз 429
навбатӣ