Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Мақсади Ғаддор паррондани гурба набуд, балки донистан мехост, ки тир мондааст ё на; агар монда бошад, дар куҷост...
Рафту Абўшукур гурбаро парронданӣ шавад, дасти ўро бозмедорад, ки напарронад, вай ҳам махлуқи Худо, ғазаби Худо меояд.
Вале Абўшукур ин корро накард.
— Мон гардад, ба мо чӣ зиён мекунад? Чӣ дорем, ки хўрад?
— Худамонро! Худамонро мехўрад, ако! Метарсам аз вай!
— Натарс, шарофати одамизод баланд. Аз одам ҳама чиз мегурезад, метарсад...
Гўё кинаву таҳти дили ўро фаҳмида бошад, баракси андешаҳои ў сухан мекард Абўшукур. Аммо ба даст афтид: патронро аз киса бароварда нигоҳ кард. «Як ҳамин» гуфта боз ба ҷайби бағали ҷомааш андохт.
«Душвор... то ҷомаро аз тан накашад...» аз дил гузаронд Ғаддор ва гўё ҷонвар ҳушашро бурд:
— Вая бинед-а, подшоҳ барин меистад! – қасдан гуфт ў ва дурудароз чашм наканд, дар асл чизи дигарро фикр мекард – чӣ хел тирро ба даст оварда, дар як рўзи муборак мили камон сўи Абўшукур рост карданро... Магар осон аст ин кор? Ба гумонаш парронда наметавонад: махсусан вақти кулангро пахш кардан чашмаш пўшида шуда, дастонаш ларзида, пояш аз мадор монда, кор расво мегардад... – А?
— Чӣ? – ҳайрон шуд Абўшукур.
— Намепарронед?
— Не... Медонӣ чӣ зайл садои тир дар ин кўҳҳои сўхта акс медиҳад?.. Дуру...
— Медонам...
— Донӣ, ҳамон... Балои ҷонамон мешавад... Ман ин тирро ҳайф намекунам – барои душманам; барои касе, ки маро саргардон кардааст.
— Кӣ вай? Оқсақол? Раис?
— Чӣ хел оқсақол, раис? Ман ин хел касонро намешиносам...
Як кофир... Як кофир, ки ба хонаи мо даромада, ҳама чизамонро аз они худ кардан мехост – ҳатто зану фарзандро. Ин тирро ман барои ҳамон номусулмон нигаҳ медорам... Ин тири хирсафканро...
Ту, бачча, дар умрат девонагии инсонро дидаӣ? Одам худро ба девонагӣ занад, аз ў бадтараш нест. Дар он ҳолат ў ҳама корро дидаву дониста мекунад, лекин ба ном девона... Лекин ба авлоди мо ин корро кардан мумкин не, авлоди мо – авлоди саидҳо: ба касе теғ кашиданашон мумкин не, хун рехтанашон мумкин не, бад гуфтанашон мумкин не...
— Ҳа-а, барои чунин касон гурехтан савоб аст.
— Чӣ хел гурехтан? Аз кӣ гурехтан?
— Аз душман!.. Зану фарзандро монда гурехтан...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор