Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шикор равад, ҳамроҳ мегирифт; дуздӣ равад, ҳамроҳ мегирифт, аммо ду-се шаба ғайб занад, чизе нагуфта, ўро танҳо гузошта мерафт ва дар халта ҳар чиз бардошта меомад – ин вақтҳои охир буд – ва фикр мекарду фикр, ба Ғаддор нигариста мегуфт, ки осон набудагӣ барин: бой додаем, ҳамаашро бой додаем, ҳеҷ чиз, ҳеҷ кас намондааст – ҳатто падарҳо... Баъд чунон сукут мекард, ки саҳар сар мебардошт. Чунин рафтораш кам шуд, сонӣ тамом. Ва барои ҳамин ба Ғаддор рў овард, ки Худо якеи моро зан мегардонд... Ба сараш бало шуд ин шўхӣ...
...Абўшукур ба ў фармуд, ки дар дег шўрбо андозад, вай рафта дар рўдак ғусл карда меояд. Чун ў сойро нишеб шуд, Ғаддор аз токчани ғор тирро ҷўё гашт. Кофту наёфт ва дандонаш газ-газ шуд, дар ҳақиқат шағол барин дандон соид, пасон дар дилаш ўро дашном дод, ки гурги борондида тирро куҷое пинҳон кардааст.
Дасту пояш ба ларза даромаданд, ки бори аввал ба чунин дуздии калон – ба дуздии ҷиноятӣ даст ёзида бошад; боз бебарор... Аз чунин бебарорӣ тарсид, ки Абўшукур ояд, барои фармудаашро иҷро накардан танбеҳ медиҳад ва аз тўл кашидани кор гумон барад, ки дар ғор ягон ҳилаву найранг дорад. Илоҷ ҷуст; дасташ ба кўза рафт, ки обашро бурда бехи шах рехта, набудани обро баҳона карда барои об равад, аз танбеҳи ў раҳо меёбад. Вақти кўзаро бардошта тозон ҷониби шах рафтанаш чашмаш ба бел афтод, таққӣ бозистод: «Ба фарқи сараш мефарорам...» Ва ҳамон лаҳза аз мағзаш гузашт, ки дасташ ларзаду хато хўрад... ё марди бақувват белро дорад?... Аз фикраш гашт. Оби кўзаро бехи шах рехт ва дартоз сўи рўдак рафт. Аз пеш Абўшукур меомад.
— Обат тамом шуд?
— Не. Ба об тортанак афтидааст, партофтам.
— Ҳ-а-а...
Абўшукур пай набурд, ки чӣ зайл ранги рўйи Ғаддор канда, дасту пояш меларзад... Вай об овард, шўрбо пухт, хўрданду хуфтанд. Вале Ғаддор тамоми шаб хоб накард: бори дигар саргузашташро дар майна такрор кард; бори дигар гурбаро пеши назар овард ва борҳо роҳи аз дасти ин мард раҳо ёфтанро андешид:
«Танҳо тир...» Ва пушаймон шуд, ки чаро вақти тўлонӣ рафтани ў ҳама ҷоро такурў карда накофт. «Меёбам, меёбам... Гурбаро баҳона карда, меёбам!»
Аммо ба баҳона ҳоҷат намонд: худи гурба баромад – сари санг
– поҳои пешашро рост дошта, пойҳои ақибашро андаке қат карда, чашмонаш калону гўшонаш сих, рост ба Ғаддор менигарист.
— Ако, вайро бинед! – гўё тарсида ба он сў ишора кард, – Ман аз вай метарсам, ако! – вонамуд кард ў. – Ба назарам, вай – гурба не, чизи дигар. Ман фақат аз вай метарсам, дигар аз чизе наметарсам... Парронед, ако! Аз барои Худо парронед!

пешина
аз 429
навбатӣ