Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳм, сер шудӣ... Гова хўрӣ, сер намешӣ... Хафа шудам, гўй!
Ман ин чизро аз Худо талабидам, ҳоло маълум нест, ки туро зан мегардонад ё маро... Туро зан гардонад – ҷавон, маро зан гардонад – пир, ба кӣ лозим – кампир? Ҳм... сер шудам, будааст...
Зан дорӣ?... Ҳа, гуфта будӣ-а, муҷаррад... Додот бой бошад, чаро зудтар зан надод?.. Ҳа-а, гуфта будӣ-а, худи командир кушта буд, гуфта будӣ-а... Ҳамааш дар ёдам ҳаст, чаро боз аз ту мепурсам?
Ғаддор гирист. Абушукур гиряи ўро аз он медонист, ки мурдаи падарашро ёд овард аз ин рў мегиряд. Аммо худи Ғаддор намедонист, ки барои чӣ мегиряд ва ба «гиря накун, ман ҳам ту барин бепадар» гуфтанҳои мардак эътибор намедод ва зимни гиряву хорӣ чизеро дар дил гиреҳ мекард: ё кина, ё нанг ё қадру қиматро... Гиряаш дерёз буд, Абўшукур ба ғазаб омад.
— Чӣ иқа фиқ-фиқ мекунӣ? Ба гапи ман Худо даррав туро арўсак сохту ман туро... астағфируллоҳ...
Ғаддор фиқ-фиқ мегиристу оби бинӣ мекашид ва дар дил мегузаронд, ки бо ин мардак шўхӣ карда намешавад, беҳтараш, ки дамашро гирад ё хеста, аз ғор барояд.
— Фиқ-фик накун! Бе ин ҳам мо марде нестем... – гуфт Абўшукур ва писарак ба ин ҳарф чандон сарфаҳм нарафт ва донистагӣ барин шарҳ дод ў: – Мард мебудем, кўршапарак барин дар ин ғор ҷой намешудем...
Ғаддор хеста берун баромад, вале дур нарафт...
Барфи даҳонаи ғор кам-кам паст мешуд ва онҳо хирсвор чилларо дар ин ғор паси сар карданд... Ҳамон баҳор дар рў ба рў гурбаи ваҳшӣ пайдо шуд ва ба онҳо рўз намедод. Вақти рў ба рў
– сари шахча баромада омирона истоданаш Ғаддор аз Абушукур хоҳиш мекард, ки бо ҳамон тири эҳтиёт кардааш ўро парронад, вай рад мекард, ки тир лозим мешавад ва боз мегуфт, ки дар ин ҷойҳо садои тир баровардан мумкин не...
...Лекин садои тир баромад: тири охиринро Ғаддор парронд...
Ғаддор аз ҳамон рўз кина гирифт ва ҳама вақт фурсат меҷуст, ки тир парронад. Андеша мекард, ки дар назди ин марди калон бачча ва дастнигар аст. Чунин марди бақувват зуд намирад ва умри ҷавон ба ин сурат хазон шавад: ў сайд кунаду ин бардорад, ў дуздаду ин барад ва ин хел – ки вай ба ихтиёри худ ягон кор кунад – фаро нарасад.
Ғаддор аз Абўшукур сахт хафа шуд, аммо вонамуд намекард, ки хафа шудаст, баракс худро ширин гирифта, дар бораи хонадонаш мепурсид. Абўшукур танбалӣ накарда, ҳамаашро мегуфт; зан дорад, писар дорад, ҳатто падару модараш ҳам дар ҳаётанд; чун ошўб фурў шинаду ҳама ҷо осуда гардад, назди онҳо меравад, вале ҳоло ба он тарафҳо қадам мондан имкон надорад. Ва нияте ҳам дорад, ки баъди басанда шудани тохтутозҳо ба мамлакатҳои дигар ҳам равад... Ў баъзан гум мешуд. Писаракро баъзан ҳамроҳ мегирифту баъзан на.

пешина
аз 429
навбатӣ