Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Абўшукур зиндагӣ мекард дар ин ғор ва ба Ғаддор дар ҳамин ғор таваллуд шудаам, гўён гуреза буданашро ҳувайдо намекард. Оқибат Ғаддор фаҳмид, ки гуреза будааст. Аммо чӣ хел гуреза буданаш ўро норавшан монд. Надонист, ки мисли ў ба даст афтода гурехтааст ва ё аз хонаи падар баромадаасту гуреза шудааст... Ба ҳар тақдир онҳо якҷоя шуданд, «ҳамхона» шуданд, ҳамроз гаштанд, ҳамақида буданд ва шикорашон низ якҷоя сурат мегирифт, барорашон ҳам якхела буд. Он вақтҳо Абўшукур камон дошт, сайд мекард, рўз мегузаронд. Баъдҳо тир тамом шуд, камон бекор монд. Ў як тирро – якатирро дар токдон барои рўзи мабод руст кард ва камонро дар роғи девораи ғор гузошт, ки Ғаддор низ медонист; сонӣ он тиру камон ба Ғаддор кор дод.
Абўшукур ҳама чизро ба вай ёд доду пушаймон шуд – ҳатто ба пушаймон шудан фурсат наёфта, як лаҳза – вақте ки шахҳо дар чашмаш давр гаштанду пасгуна шуданд, пушаймон гашт, аммо суд накард... Абўшукур худро ғорӣ гирифт, Ғаддор худро бойбачча гуфт ва онҳо ошно шуданд, ошное, ки ҷудоӣ надоштанд. Аммо дил дигар буду забон дигар. Аз ҳамдигар шубҳа мекарданд, дар бораи якдигар гумонҳо доштанд, қол мебуриданд, «фол» медиданд, мепиндоштанду меангоштанд, вале ҳеҷ гоҳ ба рўи якдигар намедавиданд... Ва рўзе ки ҳаво мебориду даҳони ғорро барф гирифта буд ва танҳо аз қисми болоии он равшанӣ медаромад ва онҳо сихкабоби харгўшро хўрда, дар лаби оташдон гарм мешуданд, аз даҳони Абўшукур як ҳарф баромад: «Кошкӣ Худо яктои моро зан мегардонд». Ва ҳамину ҳамон сўҳбат қатъ шуд, хомўш монданд ва интизории Абдушукур барабас рафт – гумон дошт, ки писарак ба ин ҳарфи ў чизе мегўяд ва ў ҷуз андеша чизе нагуфт. Хайрият, ки гўшти даҳонашро хўрда буд, вагарна дар гулўяш мемонд. Ў дергоҳ шах шуд, ҳатто пои зер карда нишастааш ба дард омада, наҷунбид, ки мардак аз чунин рафтор маънӣ накашад. Инак ба чарс-чурс сўхтани ҳезум нигоҳ мекарду ба андеша мерафт ва чунон нигоҳаш дерёз, ки пеш аз ин чунин сўхтани ҳезумро надида бошад. Аз ин ҳам баландтар забона зада, ғорро то пешгаҳ равшан кардани оташро дида бошад ҳам, ин зайл эътибор надодааст ва ё тариқи сўхтани онро як чизи муқаррарӣ донистааст, аммо ҳоло ҳар садои онро диққат медиҳад, ҳар шарораи ба канор парридаро, рўи пўстак афтида, бўи ғинҷ баровардаро мебинад ва гумон мекунад, ки ҳама рафторҳои оташ – садо кардану афрўхтану забона задану маҳин-маҳин дуд баровардан ҳам маънӣ дорад; афрўхтану хомўш гаштанаш низ маънӣ дорад, ҳамчу умри инсон. Пеш ба ин чизҳо эътибор намедод, зеро корафтода нашуда буд, чунин ишораи сахтро надида буд. Ин гаронтар аз он аст, ки дошта, маҳкам карда буданд... вале гурехт... аммо ин сахттар аст...
— Гир, хўр!... Чаро сурат шудӣ?
— Сер шудам. Бас!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор