Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ишораҳо ҳаст, аммо таги дили ў, нияти ўро Зукур намедонад.
Алҳол ҳамин қадар донист, ки ў безабон аст, донист, ки зодаи ғор аст – аз ишораҳои худи ў...
— Ува...?
— Номам? Номам – Абўшукур!
— Ааа!!! – талхакаф шудагӣ барин наъра кашид Ваҳшӣ ва паспас рафта, дар торикии ғор ғайб зад. Аз он ҷо садояш меомад, ки «Ааа!!!» мегуфту меларзид.
Зукур ҳайрон шуд, ҳайрон шуд, ки чаро касони дучор омадааш ин қадар аз ин ном меҳаросанд: чўпон тарсида буд, ин ҳам ҳарос дорад, ҳатто танаш ларзид. Чӣ асрорест? Чўпон дар шигифт монд, ки Абўшукур чандин сол пештар мурда буд, акнун ин бачча худашро Абўшукур мехонад, вале Ваҳшӣ барои чӣ метарсад – баробари шунидани ин ном хирси захмӣ барин наъра кашида мегурезад? Боз худаш Абўшукур набошад?... Пасон зўр зада хотираи кўдакиро дарёфт, ки чӣ хел бибиаш дар дами пирӣ бобои «қаҳрамон»-ро ёдовар мешуд: «Аз мусулмонаш ҳам чизе надидему аз кофираш ҳам чизе намебинем», гуфта гуреза шуд, – дар фароварди сухан таъкид мекард бибӣ ва дилаш гум мезад, боз идома медод: «Баъзеҳо мегўянд, ки ўро дастгир карда куштанд, баъзеҳо мегўянд, ки аз шах парида мурд; баъзеҳо мегўянд, ки ҳамроҳи амир Олимхон гурехта ҷониби Афғонистон рафт... чизе маълум нест ва ҳоло ҳам ман умедвор, ки ў меояд...» Бибиаш дидори мардакашро надида даргузашт аз олам. Наход ки Ваҳшӣ – бобояш бошад... агар бошад чаро боре бибиашро хабар нагирифтааст? Ё бибӣ дурўғ мегуфт?
Рустӣ-рустӣ во мехўрданду вай паноҳ медошт? Ё Ваҳшӣ аз тарси ҷон ягон бор ҳам ба он тарафҳо давр назадааст? Торик...
Ба ҳар навъе Ваҳшӣ ба хатоӣ роҳ дод: ҳоло дар кунҷи ғор ҷой шуда, андеша мекунад, ки саҳв кард – чунин рафтор кардан лозим набуд – худдорӣ кардан лозим буд, пурсида, ба таги гап расидан лозим буд ва пурсуҷў карда, донистан лозим буд... Фаҳмидан лозим буд, ки ин ҳамон Абўшукур аст? Рўҳи вай аст? Ва ё ба ў қаробате дорад? «Аз дилам гузашт, ки ин сурат ба касе монанд, маълум шуд...» Ваҳшӣ зўр зада кадом хотираи фаромўшшударо ёд овардан мехост, воқеаҳоро зинда гардонданӣ буд; боз дунболи он хотираро гирифт, ки ба зайли ин бачча ба дари ин ғор ҳозир шуду одам диду он тарафаш ба чӣ анҷомид...
...Ў Абўшукур ном дошт. Ба сол аз Ваҳшӣ калон буд – тақрибан бист сол, чунон ки худи ў дар нисбати Зукур метобад. Он солҳо Ваҳшӣ ҳам номи аслӣ дошт – Ғаддор. Забон ҳам дошт. Ҳай сўҳбат мекарданд ҳамроҳи Абўшукур... Забон «хўрдан»-ро сонитар сарфаҳм рафт ва безабон шуд. Он вақт ҳамчу Зукур меҳмони нохонда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор