Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Зукур бурдаро ба даҳон андохта хоид. Ғиҷинаш омад. Чашм пўшида якбора фурў бурд. Думба паст фаромад ва маззаи равған дар даҳонаш монд. Ваҳшӣ ба ў нигоҳ карда, хаёле механдид. – А?
– Боз хостан ва ё нахостани ўро пурсид Ваҳшӣ. Зукур чизе нагуфта ба сару рўи ў ва баъзан ба чашмонаш менигарист. Ваҳшӣ боз каме думба бурида дароз кард. Ин дафъа Зукур бо майли тамом онро гирифт ва мисли Ваҳшӣ ба даҳон андохту фурў бурд. Ёд гирифт, акнун чӣ қадар бошад, меравад. Ў кўдаки дар умраш чиз надида барин ба вай нигарист ва Ваҳшӣ пай бурда, пораи думба ўро дод.
Акнун Зукур думбаро газида ва аз дил мегузаронд: «Як бурда нон мешуд, ақаллан як газ». Думба дар даҳонаш мазза дод ва хаёл кард, ки аз рўзи ба дунё омаданаш ҳоло чизи маззадор хўрд. Думбаро мехўрду хаёл мекард, ки баъд чӣ мешавад. Буд-набуд Ваҳшӣ аз ў киву чӣ буданро мепурсад ва ў чӣ бояд бигўяд?
— Ува? – дастонашро аввал ба тарафи ҷануб, сонӣ ба сўи шимол ишора карда пурсид. Зукур аввал гаранг шуд, баъд зўр зада дарк кард, ки «аз куҷоӣ?» мегўяд.
— Таг-таг... Дур-дур! – ҷониби ҷануб даст бурда, ҳамин хел сухан мекард, ки ў низ забони гўё надошта бошад.
— А-а-а... Ман-ман, – худро шинос карданӣ шуд Ваҳшӣ ва бо ишораи ангушт замини ғорро нишон дод яъне, ҳаминҷоӣ
– ғорӣ.
Ва гўё бо ҳамин суханашон қатъ шуд: ҳар ду хаёл мекарданд
– ҳам дар бораи худ, ҳам дар бораи ҳамдигар, вале ҳарду хаёл доштанд, ки гуреза нестанд; дар назди Парвардигор бегуноҳанд ва агар ин кор гуноҳ бошад, худи ў фармуда. Дар чунин хомўшӣ ботини Зукур ноором гашт: чизе андарунаш ғулғула карда, такорў шуд ва ба даҳон омадан хост: «Ўўъ»
Чанд бор зўр зад, оби чашмаш баромад. Ду-се маротиба аз даҳонаш ҳаво баромада, андаке таскин ёфт ва сўи Ваҳшӣ табассум карда гуфт:
— Кофт... думба шиками гуруснаро кофт...
— А-а-а, – Ваҳшӣ низ табассум кард ва пай бурд, ки чӣ хел Одам суст гашта, дар сару рўяш донаҳои арақ рў зад. Думба бурд ўро. – Ува! – чизе пурсиданӣ шуда, диққати Одамро ҷалб кард, аммо сухан наёфт ё барои ифодаи фикр омода набуд – имову ишораҳои шартиро намедонист ва хаёл дошт, ки Одам аз ҳаракоти ў чизе намефаҳмад, лекин Зукур медонист, ки ў чӣ мехоҳад
– аслу насаб мепурсад ва ном – чӣ ном дорӣ, мегўяд, чаро чунин сарсонӣ, мегўяд... Боз сабаби ин қадар наздик омадану дур шуданашро донистан мехоҳад; савол бисёр, ҷавобҳои Зукур низ тайёр, аммо Ваҳшӣ ифода карда наметавонад ва ё намехоҳад. – А-а-а!
– Диққати ўро ҷалб кард ва нарангушт сўи сина бурд: – ман…
– ва боз ангушти ишорат ба забон расонд ва панҷаи кушода ба ду тараф майл дод: «ман ҳарф зада наметавонам». Зукур кам-кам мефаҳмад, ки Ваҳшӣ «ту» гўяд, ўро нишон медиҳад, «ман» гўяд, худро; чизро ба ишораи даст нишон медиҳад, аммо барои фаҳмондани матлаб азоб мекашад, зеро машқи расо надорад дар ин кор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор