Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

...Ва саргузашташ ёд омад, ки ўро на лошахўрону зоғон бардошта ба ин ҷо оварда буданд, балки худаш омада буд – гашта-гашта, «ҷуста-ҷуста», аз ҷон гузар карда, ин ҷойро ёфт ва дар ҳамин ғор одам дида, гум кард ва дергоҳ мисли ин бачча – айнан дар ҳамон ҷо музтар монд, аммо ба зону наафтида буд; он замон синнаш ба синни ҳамин бачча монанд буд, айнан мисли ў на камон дошт, на бор дошт, на тўша дошт, на сару либоси дуруст – ду даст дар бинӣ омада буд; ҳамин хел дар ғор одам буданашро медонисту пайдо карда наметавонист ва дурудароз мунтазир мешуд, ки кай бармеояд... Алҳол танҳо ҳаминаш монанд, оқибаташ чӣ шавад?
Касе надонад.
«Ува!» – садо омад аз торикӣ ва Зукур пирона даст бар пешонӣ лапар карда, дақиқ нигарист, то ўро бинад, аммо чашми тезаш пардаи торикиро сўрох карда натавонист. «Ува!» – садо омад аз торикӣ ва Зукур намефаҳмид, ки Ваҳшӣ чӣ мегўяд? Хез! мегўяд?
Биё! мегўяд? Ё дафъ шав! мегўяд? Маълум нест. Ва ў намедонист, ки кадоме аз ин фармонҳоро иҷро кунад. «Хезаму равам?»
мепурсид аз худ, аммо ба посухаш ҷуръат намекард. Ў ба нигоҳ кардан чизе надид ва даст сари дил гузошта, таъзим кард, ки сар фароварда бошад, аммо Ваҳшӣ ба чунин ишорат сарфаҳм намерафт – кайҳо бегона шуда буд чунин расмҳо. «Ува!» Ва Зукур ин садоро аломати ризоият фаҳмид, бархоста дохили ғор шуд, пеш рафт. Ваҳшӣ намедонист, ки чӣ кор кунад? Ба пешвози ў хезад ва ё гурезад. Барои гурехтан дер шуда буд. Ноилоҷ хест Ваҳшӣ ва хирссурат лапида-лапида пеш омад. Як қади ресмон миёни онҳо масофа буд. Ваҳшӣ бозистод ва Зукур дар равшанӣ ўро хуб дид, лекин миёни пашму пўстаку мўй қиёфаи ўро дар ёд гирифтан ва шинохтан душвор аст.
— Ассалому алайкум!
— Ува!
Ҳамин қадар миёни онҳо гуфтугўй шуд. Даст ба даст во нахўрданд, балки Ваҳшӣ хам шуда аз як лаби пўстак кашола карда, наздик ба оташдон бурд ва ба меҳмон ишора кард, ки нишинад.
Фаросаташ ба ин чиз расид; ба ёдаш монда будааст, ки одам рўи замини луч намешинад. Вале Зукур ба ишораи даст фаҳмонд, ки аввал ў нишинад. Ваҳшӣ сар афшонд ва андаке саросема шуда ба атроф нигарист, ки боз чӣ кор кунад. Мазмун, меҳмондорӣ кардан мехост. Ҳама тарсу ҳарос паси сар гашта, давраи ошноӣ омада буд. Баъд ў ин тараф гашт, он тараф гашт, ба токча даст бурда, чизе пайдо накард, ба таассуф сар такон дод ва аз миён корд кашида, як пора думба бурида овард. «Ува!»
— Не, ман хом хўрда наметавонам!
— Ува! – дастон ба ду тараф кушод, ки дигар чизи зиёфат мекардагӣ надорад. Боз он пораро хурдтар бурида, худ фурў бурд ва ба ў фаҳмонд, ки зарар надорад. Боз каме бурида, ба вай дод.

пешина
аз 429
навбатӣ