Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Чашмаш ба паст афтид, ки ҳоло ҳам рў-рўи тасмаи сўхта метозанд онҳо, аммо тир намеандозанд, тирҳои дурзанро истифода намебаранд. Ҳайрон. Шояд дошта, аз ў пурсанд, ки сирри ин барор дар чист? Моро низ парвоз омўз... Шояд аз ҳасад бошад, моро низ ба он баландӣ бубарор, гўянд... Вай дарёфт, ки ду лошахўри сиёҳ ба нўги болҳояш нишастанд, аммо вазниние наоварданд; боз нишастанд, нишастанду нишастанд, зоғон бор шуданд ва ў пай бурд, ки бор гарон гашта ба зер мехамад, фурў меравад. Мехоҳад боло барояд, қанотак зада ҳамаашонро ба замин резад, аммо зўр надорад, бол афшондаву пар-пар зада наметавонад. Ҳис мекунад, ки ба тори сараш минқор мезананд, пай мебарад, ки ба гарданаш нўл зада, пўсту парашро мекананд – кори лошахўрони ҳаром – аз ҳаминаш метарсид; метарсид аз ҳамин чиз, омад.
Ўро нўл заданд, ўро пахш карданд – ҳамон хел пойҳояш гирифта, ҳамон хел болҳояш кушодаву карахт, ҳамон хел гарданаш ба пеш ёзида, ўро ба замин нишонданд: аз тори кўҳҳо гузаронида, аз қуллаи шахи пайроҳа кардааш ҳам гузаронида, ҳо-о поён бурда, давр занонда, дошта, паст-паст рост ба дари ғор оварда нишонданд ва он мўрони бар сояаш даванда расида омада, дасту пояшро бастанд ва дар гулўяш корд ниҳода буданд, ки фарёд зад... ва аз садои даҳшатбори хеш бедор шуд... Дилаш мезад... аммо сурати даҳанаи ғор тапиши дили ўро як лаҳза боздошт...
VI
Ў чашм кушода дар дами ғор суратро дид, ки аввал рост буду баробари пуризтироб бедор гашта ба вай нигаристан ба зону нишаст. Одам ўро намедид, аммо аз фарёдаш донист, ки дар ғор аст ва баробари вайро дидан тарсида дод зад – ҳамин хел хаёл кард ў, вале намедонист, ки Ваҳшӣ чӣ хоби даҳшатборе дид. Дили ҳарду баробар метапид, аммо ҷудо-ҷудо хаёл мекарданд онҳо, ки гўё як дил метападу дили дигар орому осуда аст.
Вай чунон нобаҳангом дар дами ғор пайдо шуд, ки нагузошт Ваҳшӣ таъбири хобашро фикр кунад; бори дигар хоби дидаашро аз сар гирад, ки чун буду чӣ шавад. Танҳо лаҳзаи охирини хоб дар ёдаш монд: дасту пой бастанду дар гулўяш корд монданд... Алҳол ба назараш муҳимаш ҳамин ва таъбираш – ин Одам, ки дари хонаи ў зону задааст – Азроил аст. Ваҳшӣ хост дарунтар равад, ба ғори зер фарояд, пинҳон шавад, аммо дер шуда буд: аз овозаш Одам донист, ки ў дар он ҷост, агар руст шавад, кофта-кофта асрори ғорро мефаҳмад; беҳ он, ки надонад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор