Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ҳама ҷамъ мешаванд; аввал чашмонашро мекобанд, сонӣ забону биниашро, пасон кофта-кофта ба мағзи сар мераванд, ва дармеёбанд, ки дар он чизе намондааст; на идрок, на эҳсос, на фаҳм, на фаросат – косамағз холӣ, пеш аз онҳо хўрдаанд... Дил ҳам нест, ҷигар ҳам нест... ҳамаашро хўрдаанд; ё даҳшатҳо, ҳаросҳо, гумонҳо, сиёҳиҳо ва ё бодҳо ҳамаашро хўрдаанд... Қолаби беҷон, ки аз сангҳои ҳамин ҷо сохта шудааст. Ва акнун инсоне пайдо мешавад, ки ин қолаби сангиро зери хок кунад?
Ў хост ин паррандагони безебро «кишк» гуфта ронад, то ин қадар фикрҳои мағшушро пеши назари ў наоранд, вале ҳавсала накард – хушаш наомад, ки ҷунбад, садо барорад; ба назар нав роҳат мекард ва ҳамон зайл, ки дасти чап оринҷак шуда сарашро медошт, якпаҳлў хобаш бурд...
...Ин зоғони сиёҳ ва он паррандаи бадафт, ки бояд гўшти ўро хўранд, баробари ў парвоз мекарданд: аз ду паҳлўву дунболи ў миёнагир карда парвоз мекарданд; аз ҳамон қуллаи баланд – аз шахи Сиёҳ, ки дар ин силсилакўҳ баландтар аз он қуллаеро надидааст.
Ин хел шуд: ўро дастгир карда ба тори он қулла бароварданд ва аз чаҳор дасту пояш гирифта ба зер андохтанд, то ба ҷаҳаннам равад, ба сангҳову шахҳо зада-зада, гард-гард шавад... Аммо ў пару бол баровард ва ба ҳаво рафт. Ҳарчанд аз пасаш валвала карданд, фиғон бардоштанд, тир андохтанд, раҳо ёфта, рў-рўи силсилакўҳ парвоз кард. Аз он баландӣ ба онҳо нигариста, мисли ин паррандаи баддидааш саргин андохт ва ҳаловат бурда болои кўҳҳо парвоз мекард ва ҳайраташ меафзуд, ки ин қадар тўлонианд ин силсилаҳо; то алвақт гумон дошт, ки як силсилаанд ин кўҳҳо, аммо дарёфт, ки силсила дар силсилаанд. Мераваду меравад, ҳеҷ не, ки кўҳҳо тамом шаванд. Худаш мебинад, ки як паррандаи калон болҳояш аз як канори кўҳ то канори дигар расида, сояаш роҳи рафташро сиёҳ мекунад, месўзад он роҳ ва хокистар боқӣ мемонад. Сабзаҳои атроф пажмурда мегарданд ва ў мехоҳад, ки болҳояшро ҷамъ кунад, сояаш камтар шавад, наметавонад, гўё болҳояш фўлодианд. Андеша мекунад, ки пас гардад, аз тори сари онҳо гузарад, то зери сояаш монда нобуд шаванд, аммо пас гашта наметавонад: болҳояш як хел рост, пар-пар ҳам зада наметавонад, якзайл меравад, сонӣ мебинад, ки дар атрофаш боз лошахўрон, боз зоғҳои сиёҳ – лашкари азим гашта пеш мераванд. Ва дар он ҷо – дар пайроҳаи сўхта одамони зиёд метозанд, фарёд мезананд, вале ҳарфашонро ў равшан намешунавад; ҳамин қадар, ки мисли мўрчаҳо метобанд. Вай парвоз мекунаду карахт аст: сар ҷунбонда наметавонад, пой кушода наметавонад, бол зада наметавонад, мисли бодбараки тахтагӣ бувад ва паррандагони дигар, ки ҳомӣ ва ё бадхоҳ буданашон равшан нест, торафт ба вай наздик мешаванд, баъзан минқор меёзанд, ки аз ягон ҷои ў доранд... Ў хурсанд буд, ки ба ҷои мурдан бол баровард, парвоз кард, акнун карахт – на паст мефарояд, на боло мебарояд, гўё як умр дар осмон муаллақ мемонад, ҳамчу як пора абри сиёҳ гоҳ гоҳ пеши моҳу хуршедро мегирад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор