Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фақат як бор аз пораҳои кўҳнаи либоси ба ин ғор омадааш ва равғани чарбу машъала карда, афрўхта ба ғор даромада, ҳама ҷояшро тамошо карда буд, ки ҳоло ҳам ҳайрон аст аз вуҷуд доштани чунин ғор: ҷўи равон, ки медонад обаш аз куҷо меояду ба куҷо меравад ва ин ҷўро кӣ кандааст; меҳмонхона ва ё хонаи сангии он ўро ба шигифт андохта буд, ки кӣ ин корро карда бошад, аз куҷо хоку чўб оварда, даруни чунин ғор боз бом пўшида бошад... Намефаҳмид; ҳамааш торик, чунон ки ин ғор.
Баъд чанд бори дигар фаромаду баромад, то роҳро ёд гирад, дар тангтарин лаҳзаҳо ҳам бемашъала фаромада тавонад, вале лозим нашуд... Дар зимистонҳои қаҳратун ҳам он ҷо нафаромад, ки ҳавояш гирифта аст ва кўршапаракҳо бол зада ҳавои онро такурў кунанд, боз дилгиртар мешавад, боз хавфноктар мегардад он макон... Ин роҳро Абўшукур намуда буд ба ў. Ва он вақт хеле ҳайрон монда буд; дар бораи ин ғор хеле андеша мекард, ақл дошт он вақт ва дар бораи ягон чиз андеша мекард. Чун ваҳшӣ шуд, ҳама чизро гум кард: ақлро, ҳушро, хотираро, ҳатто «забон»-ро.
Фақат ғами шикам, ки хўраду намурад – мисли ҳама гуна шикампарастон монанди ҳама гуна сояхуспҳо...
Каҷпаҳлў заду аз торикӣ ба равшанӣ нигарист – аз сиёҳӣ ба сафедӣ. Муқоиса кард сиёҳиро бо сафедӣ ва аз худ пурсид, ки чаро ин қадар онҳо якҷоя мегарданд – наздик, часпида, омехта ва ба ҳам маҳлулгашта ва чаро дар омехтагиҳову маҳлулшавиҳо сиёҳӣ бар сапедӣ ғолиб меояд: чаро андак ранги сиёҳ сафедии зиёдро сиёҳ мегардонаду сафедии зиёд сиёҳии камро нобуд карда наметавонад, чунон ки андак гумон бисёр чизҳоро аз миён бардорад, андак кина некиҳоро поймол кунад, дили сиёҳ ободиҳоро вайрона гардонад дўстро кушад, душманро афзояд... ва чаро сиёҳ ба шустан сафед нагардад? Ва ў ин лаҳза хешро Сиёҳ номид. Гумонаш, ки аз умраш лаҳзаҳо боқӣ монда, ҳамин замон ба даст афтад ва мисли намати сиёҳ зери пой монад... Хуб, ки забон надорад, хуб, ки чизе гуфта натавонад – ҳамин хел гумон мекунад ў ва намедонад, ки дунё чӣ андоза дигар шудааст, ҳатто ҷисмҳои безабон ҳарф мезананд; ў ҳоло ҳам дар Ҷамъияти Ибтидоӣ умр ба сар мебарад: гумонаш, ки ҳарф зада натавонӣ, бозпурс накунанд, оҳани тафсонро ба танат надоранд, аз поят наовезанд, ки забон барор; ҳарф занӣ, пўстат накананд, ки маҷбур ҳама чизро гўӣ
– бехабар аст аз ҳамаи ин чизҳо – гумонаш, ки ба ҷаллоди пурзўр мефармоянд ва ў бо асбоби сангиаш кашидаву кушода ба фарқи сари ў мефарорад... Сонӣ мурдаашро бароварда тори шах мегузорад, то зоғу заған хўранд. Ана боз як сиёҳи дигар пайдо шуд:
ўро тарсонд ин ҷонвари бадсурат. Ба назари Ваҳшӣ хунуктар аз он ҷонваре нест; ғашовартар аз ҳама – хўрданаш; гўштро мегазаду зўри канданаш нарасида ғоз медиҳад... Ҳо, гўшти ўро низ ҳамин хел ноўҳдабароёна – канда-канда, ҳаром карда мехўрад; баъд ана инҳо меоянд – зоғҳои сиёҳи аз лошахўр ҳам бадтар – рўдахўр, саргинхўр.

пешина
аз 429
навбатӣ