Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Наход дар ҳамин ҷо бошад?» хавф кашид ў ва имшаб пайдо нашудани Гурбаро аз ин рў медонист... Ва ў ҷониби ғори торик санг андохт – як санги нимхўрдиро аз замин бардошта, таваккалан ба пешгаҳи торики ғор андохт, то будан-набудани касе маълум гардад. Санг андохту гўш дод, ки чӣ ҷавобе меояд, чӣ садое мерасад. Садои ба сангҳо бархўрда фурў рафтани санг ҳаросонд ўро, боз мўйи баданаш дамид. Ботил будани хаёлоташро дарёфт ва ба девораи ғор такя зада нишаст, хастагиашро пай бурд, пай бурд, ки бист соли танҳоӣ, ки як умр метобад, чӣ андоза ўро рўҳан мондаву хаста кардааст.
Ў бисёр хаёл карда буд, хеле афсўс хўрда буд, пушаймон гашта буд; ботинан чи қадар азоб кашида буд ва ҳоло мепиндорад, ки ҳамааш якҷоя шуда, ба сараш фурў рехтанд... ўро чунон пахш карданд, ки фурў нишаст – ба девораи ғор такя зада, пой ёзида нишаст, ки гуноҳу вазни ўро ва мурдаи ўро замин, танҳо замин бардорад; ҷуссаи ваҳшиёнаи ўро, сурату симои девонаи ўро фақат ин ғор пинҳон кунад... Аммо чӣ буду чӣ шуд, ки ҳамааш яку якбора фош шуд... Аз Одам ҳаросида, ба даҳанаи ғор нигарист, ки меояд. Ва дар ҳақиқат як чизи сиёҳ баногоҳ пайдо шуд ва талхаи Ваҳшӣ кафид. Ҳарчанд ки ў ин сиёҳмўву снёҳрўро борҳо дидааст ва омадани ў амри воқеист, боз тарсид, аз лошахўри бадафт тарсид. Ва аз омадани он ҳамин қадар дарёфт, ки дар берун касе нест... Боз тарсид: аз қаъри ғор садо омад – садои санг, аммо чӣ хел? Ў санг наандохтааст-ку? Нигоҳ карду нигоҳ кард, гўш андохту нигоҳ кард, садое наомад. Аз нишастанаш роҳат накард, балки боз нороҳат шуд – маълум, ки сангаш ба ҳадаф нарасида ба қаър фурў рафт ва акнун касе ўро таъна карданӣ шуда – ба тақлидаш ба қаър сангча меандозад. Вале пурсида наметавонист – «забон»
надорад. Аҳд кард, ки ҷуз «ува» ҳарферо ба забон нагирад; онро ҳам барои он гўяд, ки касе ё ҷонваре бошад, садои ўро шунида, нигоҳ кунад, то Ваҳшӣ бо имову ишора матлабро фаҳмонад... Ў боз санг тирифт ва ғуррида пеш рафт, ки натанҳо инсон, ҳайвон бошад ҳам, метарсид. Санг андохт, ҳум-ҳум кард ва боз санг гирифту андохт. Пас гўш доду гўш дод: то қаър садо карда фаромадани сангҳоро шунид ва донист, ки касе нест, аз нав такя ба девор зада, каҷпаҳлў дароз кашид; ёдаш омад, ки печи пойҳояшро кушода, дам гирад, вале аз шиддати асабу ғазаб арақи танаш баромад. Сонӣ аз даруни ғор чунон ки неши сўзан ба асаби кас мерасида бошад, садои борики мушмонанд гўшашро харошид. Ў медонист, ки ин садои чист, хавфу хатаре надорад, бо вуҷуди он сахт расид: садои кўршапаракҳои сиёҳ, ки дар ин ғор яктову дуто набуданд ва баъзан ба ҳам часпида, орувони асал барин остинча мешуданд, ғашашро оварданд: «Аз дузд ҳам бадтар онҳо... Муттаҳами муттаҳам...»

пешина
аз 429
навбатӣ