Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Мяяяяв!» садо омад ва Ваҳшӣ он баччаро дашном дод, ки қадами шумаш ризқи даҳони ўро тўъмаи Гурба гардонд. Машаққати барои ин тўъма кашидааш ба ёд омад ва ғазаб кард, ки ин ҳайвонро дастгир карда пўст канад... Корд аз наём кашид ва дартоз ба даҳонаи ғор рафт: «Пишт!» Аммо ғор ором, сокит ва бекас буд. Сонӣ ў ба хокаи даҳонаи ғор нигарист, пае надид. Як паи бегона, ки аз ғор бурун рафта: дар ҷое равшан, ҷои дигар – хира. Яқин ки паи пои он бачча аст. Ба он тараф нигарист – сўи Одам, аммо ўро надида, ҳайраташ афзуд, ки куҷо рафт? Чаро рафт? «Лозим бошад, меояд...» бепарво аз дил гузаронд ў ва неши корд пеш дошта, ба ғор даромад, ки касе пеш ояд, рост чок кунад. Гўшту пўстро зайли гузоштааш дида, тааҷҷуб кард:
«Чӣ хел, Гурба наомадааст?» Шояд аз будани ў воқиф гашта, бегоҳ дар ин макон ду кас буданашро дида, якеро бегона дониста, наомадааст, вагарна, вақтҳои пеш гўштро ин зайл рўи замин гузошта, бесоҳиб монда рафтан имкон надошт. Гурба андар даҳонаи ғор бунак гирифтагӣ барин даромада, дар як лаҳза ҳамаро титу пора мекард, лахт-лахт канда мехўрд ва як рон ё соидро бардошта мегурехт, ки гоҳ аз шах бароварда метавонисту гоҳ на. Ҳар қадар Ваҳшӣ ғиём кунад, Гурба ёфта мегирифт. Пасон Ваҳшӣ илоҷи онро ёфт: ана дар он токдон гўшти намакзадаи ба пўст печондаро мегузошту аз болояш тобасанг мемонд ва ё чанд рўз аз ғор набаромада, аз намаки ҳо аз Кўҳи Сафед овардааш гўштро шўр мекард, сонӣ ба сихчўбҳои аз навдаи зирк сохтааш кабоб мекардагӣ барин гузаронда, ба роғҳои даҳанаи ғор халонда, хушк мекард ва дар токдон мемонд, ки зимистон дар пеш. Гурба бурдаашро мебурд, наёфтаву набурдааш аз они Ваҳшӣ буд. Сипас ў чунон кард, то Гурба осебе расонда натавонад: шикамбаи гўсфандро тоза шуста, намак пошида, пуф карда, дар офтоб мехушконд, бодашро сар дода, андарунаш гўшт сиринҷӣ мекард ва бо бел дар пешгаҳ чоҳаке кофта, шикамбаро он ҷо мегузошт ва дар даҳони чоҳак тобасанг мениҳод. Шабгоҳон шикамбаро дар шаббода мемонд ва саҳари баланд хунукии шикамба кам нашуда боз ба чоҳак мегузошт... аммо ин дафъа фурсати чунин кор нашуд – нав гўсфандро пўсту пора карда буд, ки Одам пайдо шуд. «Ба гурба чӣ шуда бошад? Наход пир гашта фавтида бошад?».. Як лаби пўстро бардошта гўштро хабар гирифт ў ва боз ба пешгаҳ – пешгаҳи торик нигарист, ки ин ҷо ягон кас ҳаст: дар ғор – дар қаъри ғор, ки ҳар нокас он ҷоро намедонад; касе ҳаст, касе ки ин ҷойро хуб медонад ва ё дар се рўзи набуданаш ин ҷойҳоро хуб дида, санҷида, омўхта дар он чоҳи бетак ҷой гирифтааст, чунон ки худи ў дар лаҳзаҳои хавфнок, дар лаҳзаҳои пайдо шудани сайёде, дар ҳолатҳои хавфу хатар ин корро мекунад... Ў медонад, ки дар куҷо пой монда, аз кадом ҷои девораи он дошта ва чӣ хел поён фаромадан мумкин аст ва дар торикиҳо низ мефарояду мебарояд, вагарна бо чароғ доштану равшан кардан он ҷо фаромада нашавад ва одами нодида ҳаргиз фаромада натавонад.

пешина
аз 429
навбатӣ