Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ман танҳо! – ба забон омад Зукур ва рўй тофт, то биравад.
— Ува! – аз паси ў садо карда, ду даст кушода, ба ишораи сар пурсид: – Куҷо?
Зукур як ба пас нигарист ва боз қадам зад. Ба бозӣ мемонд рафтори онҳо ва Ваҳшӣ аз пасаш натохт, то нагурезад, балки ҷониби ғор тоб хўрд, ки Одам ба чунин рафтори ў чӣ назар дорад.
Андаке рафту баргашта ба Одам нигарист.
— Биё! – даст гардонд Ваҳшӣ, вале аз рафтори ў хавф кашид, ки чаро ин хел менигарад. «Биё, гўӣ, меравад, гурезӣ, меояд».
Зукур нишаст. На барои он ки назди вай наравад, балки мадораш набуд, ҳис мекард, ки дар баданаш ҷон нест ва Ваҳшӣ ба ў таҳдид карданӣ бошад ва ё ба даст даровардан хоҳад, ду хез карда, медорад ва ў дар панҷаи ин гурбаи ёбоӣ мисли кўрмуш ҷон диҳад. Вале рафторҳои ўро Ваҳшӣ дигар хел қабул кард: яқин дошт, ки дар ғор касе ҳаст, вагарна ин бачча ба кадом дилу гурда шабро дар сари гўр рўз кунад; гумонаш акнун дар ҳалқа омад:
гашт-гашту дар як лаҳза, аз бефаросатии худ ба дом афтод: аз ғор бароянду доранд, гурезад, баччаяк пешгир мешавад, агар ба ғор дарояд, дом танг ояд... вассалом... Ба назараш Одам ҷониби ў меояд – то ҳол мегурехт, акнун пеш меояд. Бадани Ваҳширо фарошо гирифт: мўи сараш рост шуд ва пўстак болсурат бардошта.
Вале чунин ҳаяҷони ўро ба ҷуз худаш касе пай намебурд. Ба гўшаш садое омад аз ғор – ба садои гурбаи ёбоӣ мемонд, ки ўро як умр таъқиб мекунад, метарсонад, чизҳояшро медуздаду мерабояд ва дар шабҳои тор оташи чашмонаш балои ҷон аст. Аввалҳо метарсид, сонӣ одат кард, вале дузд ба даст намеафтад, ром намегардад; ҳамин ки ўро дид, бо як ҷаҳидан ба шах часпида мебарояд ва тори шахчаи ҷигарранг масхара мекардагӣ барин дурудароз менигарад, лаб мелесад, панҷа ба оби даҳон нам карда, рўй мешўяд; гўш сих, чашм тез карда менигараду менигарад ва мурод, ки ҳосил нашуд, чунон ғайб мезанад, ки Ваҳшӣ ба чашм давондан пайдо намекунад.
Ҳарчанд ки зараргор аст, ҳарчанд ки нисфи рўзии ўро мерабояд, як навъ машғулӣ низ ҳаст: вақтҳое ки Ваҳшӣ бекор мемонад, шаборўз ба ҷуз хоб коре надорад, рўи пўстак дароз кашида, ба шахи ҷониби офтоббаро дида медўзад, онро аз бехи кадом шахча, тори санг, буни шахи калон ҷўё мешавад, ки ҷонвари зебои лайсмў, шерсурати чолоку думдарозро бинад, хаёлан бо вай гуфтугў кунад ва чизеро бар каф бардошта «биё!» гўяд, ҳарчанд медонад, ки ба биё гуфтан наояд – ҳамчу ин Одам. Ва барои чӣ бошад, ки Ваҳшӣ ин дам миёни Одаму Гурба монандие дарёфт ва ҳайрон монд: «Ин шайтон, он – иблис; ҳарду яканд, яке ба шакли дигаре пайдо мешаванд..» Вале барои чӣ Одам аз он ҷо менигарад, Гурба аз ғор садо мекунад? «Пири фартути лаънатӣ!» Ҳо, ба назари Ваҳшӣ Гурба пир шудааст: мўйи баданаш рехта, пўсташ дарбеҳӣ метобад, худаш лоғару хаста гаштааст, ин вақтҳо камтар аз шах мефурояд, мадори баромадан надорад...

пешина
аз 429
навбатӣ