Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

V

Ва рўз шуд. Фазо домани сиёҳашро чида, ба сўе, ки моҳтоб рафту офтоб низ мерафт, бурд. Моҳтоб дар охири фазо мисли як дег шири бурида метофт ва яқин буд, ки ҳамин замон бо хуршед рў ба рў гардад. Зукур аз ҳама чиз ҳайраташ коста, дилгиру ноумед, ҳамчу шайхи мазор, панҷ-шаш қадам дуртар аз гўр бар тобасанг сар ба сари зону ниҳода, сукут меварзид ва парвое ҳам надошт, ки дар болодаст Ваҳшӣ ҳаст ё на, ба вай таҳдид мекунад ё на, санг меандозад ё на... «Мурдан авлотар аст аз чунин зиндагӣ». Гўё аз зиндагӣ сер шуда, барои мурдан чанд лаҳзаи дигар мезист: шояд охирин моҳ, охирин рўз, охирин соат...
«— Ува!» – садо омад аз боло, Зукур шуниду сар набардошт, «Уваа!» Боз сар набардошт. Сонӣ як санг омада дуртар аз ў ба замин бархўрд ва ҷаста, ғелида, ҷониби об рафт. Зукур ҳамаи инро танҳо воситаи узви шунавоӣ пай бурд ва донист, ки Ваҳшӣ низ мисли ў шабро дар он сахтӣ рўз карда, акнун ба рағми азоби имшаба ба вай таҳдид мекунад; ҷонибаш санг меандозад. Сар набардошт, қасдан сар набардошт, то ў тез шавад, олуғда гардад, наздиктар ояд ва ҳар коре мешуда бошад, бишавад. Як санг ғелон шуда аз гўр ҳам поёнтар, пайроҳаро бурида, рўи об рафт ва аз пасаш садои Ваҳшӣ такрор шуд: «Ува! Ува!» Зукур дарёфт, ки садо ўро даъват мекунад. Ваҳшӣ мехоҳад зинда ё мурда будани ўро донад ва шояд ягон ҳарфи дигар низ дошта бошад, аммо қасдан сар набардорад, лекин яқин кунад, ки санги навбатӣ рост ба ў омада занад – ё бар тори сараш ё ба пойҳояш, зеро тарзи нишасташ чунин тақозо дорад: зону оғўш карда, сар бар сари зону ниҳода. Боз санг поёнтар зад – ба гўр. Зукур вонамуд кард, ки тарсида бедор шуд ва ҷаста хесту бо пайроҳа ҷониби поён нишеб шуд. «Ува!» Зукур истод ва баргашта ба Ваҳшӣ зеҳн монд. Ваҳшӣ як ангушт – ангушти ишорат ҷониби ў тир карда, ба таҳдид пеш ронд – ба маънии «ту» ва боз ангушт ба осмон рост карда, андаке боздошт: «Як кас? Танҳо?»
Зукур фаҳмид ишораи ўро ва низ ангушт бар хеш нигаронд:
«Ман» ва мисли Ваҳшӣ авгушти ишора ҷониби осмон рост кард:
«Як кас! Танҳо!»
Ваҳшӣ панҷаи монанди панҷаи хуршед дар фазо кушодаашро афшонд: «Нагурез!» Ва дастҳоро болосо ба ду ҷониб кушода, пойҳоро оринҷакзонуву фарох гузошта, ларзону ҳаросон, аз афтодан хешро нигоҳ дошта фуромад ў. Зукур чунин ҳолати ўро дида, найранг пиндошт: «Худро нотавон, ноўҳдабаро менамояд ва ҳамин ки наздик расид, сахт дошта... Гурехтан лозим...» – боз аз аҳдаш гашт ў: шабон аз ҷон сер мешуд ва рўзон ҷон ширинӣ мекард.
— Ува!... Ту танҳо?! – боз ишора буд.

пешина
аз 429
навбатӣ