Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

... Шаббодаи серун ўро навозиш кард, хобаш бурд. Вале ў шаббодаи гармтар мехост. Зеро хунук мехўрд, нами ҷомааш сард мегашт ва бод онро хунуктар мекард. Ба ҳар ҳол навохт, алла гуфт, паҳлўи гўр хобаш бурд. Аммо парида-парида мехест: асабаш, ки ноором буд, ё дасташ такон мехўрд ё пояш бардошта мешуд ва ё ягон мушак, раги танаш мепариду ў бедор мегашт ва сар бардошта ҳама ҷоро ором дида, аз нав ғанабаш мебурд, боз тарсида бедор мешуд... Дами субҳ хобаш бурду касе пайдо шуд, ки дар умри сараш надида буд. Қиёфааш ҷиддӣ, чашмонаш тез, вале андешаманд: ба худаш мемонад – ба худи Зукур, аммо дар синну сол, дар қаду баст фарқ дорад; ришу мўйлаб дорад, ришаш сафеду буруташ сиёҳ. Ба ў даст дароз мекунад, ки хезад, лек Зукур ҷунбида наметавонад; чашмонаш кушода, мардро равшан мебинад, менигарад, чизе пурсидан мехоҳад, аммо пурсида наметавонад
– афсуншударо монад ва ёд орад, ки боре дар хобаш гургро дида буд, ки нафасаш зада, дами ўро гардонд – на ҳарф зада метавонист, на ҷунбида – ҳозир ҳам чунин аст: зинда, бедор, талвосаи хестан дорад, ба дасти ёзидаи ў даст додан мехоҳад – наметавонад. Ва ҳамон зайл ноумед, дилкашол мемонад; ва он суроб сар ҷунбонда – сар ҷунбонда дур мешавад: «Танбал будаӣ, ба хестан хушат намеояд... Бобот даст меёзад, гирифта наметавонӣ... Аз зиндагӣ баҳра бардошта наметавонӣ. Берўзӣ...» Зукур ба маънии гуфтаҳои Шабаҳ сарфаҳм намеравад. Мехоҳад ба тори ғор ишора кунад, он ҷо будани Ваҳширо гўяд, ҷунбида наметавонад.
Абрў мепарронад, чашм ба он тараф мегардонад, он кас пай намебарад. Ҷониби ғор меравад ва ҳамин ки ба дари ғор наздик шуд, Ваҳшӣ санги калонро бардошта бар тори сари ў меандозад...
«Бобо-о-о!» дод зада мехезад Зукур. Чунон доде буд, ки ҳам худаш тарсида хест ва ҳам Ваҳширо тарсонд... Ҳоло ҳам торик буд. На суроб менамуду на Ваҳшӣ. Ва ў каме аз гўр дур шуд, ки ҳамааш воҳимаи он аст. Сонӣ рўи тобасанге нишаста гирист, овоз бароварда гирист, ки ин чӣ қисмат аст? Дар гиряаш домангир буд аз касе, ки ба чунин ҳол оварда бошадаш. «Синаи очаамро сахт газида будаам». Дар гиряаш мегуфт ў ва баландтар мегирист, то Ваҳшӣ фаҳмад. Бисёр мехост зудтар рўз шавад, дар умраш чунин рўз шуданашро интизорӣ накашида буд. Мехост зудтар фазо равшан гардад ва ў куҷо будани Ваҳширо бинад, агар ў забонро нафаҳмад, ба имову ишора фаҳмонад, ки ў душмани ҷони вай нест, балки ҳамроҳ будан мехоҳад. Баъд овозашро баландтар баровард, ки ин фиреб буд, найранг буд, то Ваҳширо раҳм оварад. Аммо Ваҳшӣ садои ўро шунида, дар ғазаб омад, дандон соид, ки мард ҳам гиря мекардааст... Акнун ў низ мехост зудтар рўз шавад, то ў бинад, ки Одам чаро гиря мекунад...

пешина
аз 429
навбатӣ