Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Барои нафси худ… Э-э-э, Худо-о-о!.. Наход ки ба ҳамаи ин ман гунаҳкор бошам? Наход ки барои ҳамаи ин фардо дар оташи дўзах ман сўзам? Тамом? Рўзам буд шуд? Он чӣ бахшида будӣ, мегирӣ?... Барои ҳамин ин кўдакро фиристодӣ? Ё... ё ин кўдак несту ўро ба чунин сурат гардондаӣ? Рўз фаро расад, дигар хел мешавад? Калон, девсурат, бадҳайбат, ки ман тарсам, гурехта натавонам? Боз худат ҳанги поямро гирӣ, мадорамро хушк бикунӣ, мисли аспи душох давида натавонам?... Ҳамин қадар давидӣ, бас, гўӣ? Ҳамин кадар ғорат кардӣ, танҳо барои худ зистӣ, танҳо худро донистӣ, ба касе мадад накардӣ, мегўӣ? Ҳатто ба падару модар, мегўӣ? Ман ба онҳо хизмат карданӣ будам, лекин риштаи умри онҳо канда шуд. Барои ман ё барои каси дигар, намедонам, ба ҳар ҳол қурбон шуданд, дар ҳамон гиру дорҳое, ки ба миён омада буд, қурбон шуданд: падарам барои он ки ватанашро ҳимоя карданӣ буд, модарам барои он ки, аз назари ватанхоҳҳо, падарам ба онҳо хиёнат карда ба тарафи душман гузашт, ҳамчун зани хоин аз тарафи худиҳо нобуд шуд; нохост, беному нишон, дуздиву рустӣ... Ман медонистам, ба ҳеҷ ваҷҳ ситеза намекардам– дарозтар зиндагӣ кунам, намегуфтам – ҳарчанд медонистам, ки зиндагиам маънӣ надорад, чаро ман зиндагӣ кунаму азоб кашам, намефаҳмидам, гумон карда будам, ки намемирам; то офтоб ҳаст, то ин кўҳу гулу гиёҳаш ҳаст, намемирам; -барои ҳамин ҷон мекоҳондам, барои ҳамин талвоса доштам, вале намедонистам, ки мемирам:
ин қадар тез, ин қадар зуд, ин кадар ногаҳонӣ – боз аз дасти як кўдак!... – Магар ў аз паст-паст гуфтан монда шуд, ки ба андеша гузашт ва гумон мекард, ки Худо садои қалби ўро низ мешунавад, худаш ки талқин мекунад, мешунавад, медонад. – Ҳум! Кўдак маро куштанист. Ман мурдан нахоҳам чӣ? Ин ҳама ҷангу ҷидолҳоро одамон сохта бошанд чӣ? Он гоҳ мумкин аст, ки ман чунин зиндагии ҳайвононаро давом диҳам? Ва бо хости худ зиндагӣ кунам?
Дуздӣ накунам, одам накушам, хун нарезам... дар кунҷи ғор мисли як бемор дароз кашам ва ҳамон зайл мурам... Ман ба ин баччаяк, ки сари роҳамро гирифтааст ва намегузорад, ки ба хонаи худ дароям, чӣ гўям? Бо ў чӣ кор кунам? Куштанӣ шавад ҳам, нигоҳ карда шинам? Даст набардорам? Корд накашам? Чӣ? Ҳамааш ҳал шудааст? Дар қисмат ҳаст? Вай маро бояд бикушад? Барои чӣ? Барои «хизматҳоям?»... Шояд... шояд раво бошад. Лекин ин бачча кист? Чаро ба ман шинос метобаду ношинос? Куҷои тарҳи рўяш ба касе мемонаду ман намешиносам? А! Кист ин бачча? Ман медонам, ки фарзанд надорам... Ман... ман... уҳу-у-у... Худовандо, ҳамин чизро лоиқ надидӣ, ба мурод нарасондӣ... Шояд ин бачча аз хуни мо бошад? Хуни падарам, хуни бобоям, хуни хоҳаронам ва ё хуни омехтаи мо... Ман медонам, ки тухми мо намонда буд...
як ман, ки нишоне нест... Дар ҳамин ғор як силсила, як шаҷара бурида мешавад, аз як хонадон нишоне намемонад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор