Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бебало не, бебало не! Дар ҳақиқат гуреза бошад? Барои чӣ гуреза мешавад?
Аз он ҷангу ҷидолҳо хеле вақт гузашт – як умри одамӣ, наход ки ҳоло ҳам таъқиб кунанд, азоб диҳанд? Ё балои дигар хест?... Ҳар чӣ шуданаш мумкин... Туро, ки аз хонаат зада пеш мекунанд; ба молат, ба занат, кўдакат, чизу чораат соҳиб мешаванд, ҳатто ҷонатро ситонидан мехоҳанд. Он вақт ҳамин хел буд: «Шуморо озод мекунем, шуморо обод мекунем!» мегуфтанд... дар асл ғорат буд... Фақат онҳо ғорат мекарданд ҳам як навъ буд: Онҳо ғорат мекарданд, мо ғорат мекардем; мо ғорат мекардем, онҳо ғорат мекарданд... Бечора халқ! Мо – ватандор, онҳо озодгар ва халқро озод мекунанд... Ва ман намефаҳмидам, ки онҳо халқро аз кӣ озод мекунанд? Аз худашон – аз гирифтории худашон, аз побандии худашон... Дар амал нобуд мешуд халқ: аз дасти мо, аз дасти онҳо – мо азоб медодем, онҳо азоб медоданд; мо азоб медодем, ки мусулмонӣ зери по шуд, онҳо азоб медоданд, ки душманро дар хонаашон ҷо додаанд... Тавба! Мо – душману онҳо – дўст! Мо ба падару модар, фарзанду хешу табор – душман, онҳо ба авлоди мо
– дўст... Мана ҳамин ҳозира барин: ман ба ту – душман, бачча, лекин ту ба ман – дўст. Ман худамро муҳофизат мекунам, аз ту мегурезам, хонаамро мондаам – душмани ту, лекин ту дўсти ман, аз паям меоӣ, аз ватанам меронӣ, боз болотар, дуртар, ба даррандаҳо наздиктар меронӣ, чунки ту – дўст; чунки беҳбудии маро мехоҳӣ...
О-о-оҳ! Ба ин ту чӣ айб дорӣ, бачча? Ҳамааш айби худам... Не, айби худам ҳам не, айби онҳо – айби хоинон, айби тарсончакҳо, айби ватанфурўшҳо, айби он номусулмонҳо! Яке хиёнат карда моро фурўхт, дигаре аз тарс гурехт ё пешакӣ таслим шуд, саввумӣ Ватанро ҳимоя карда натавонист – ин ҳам фурўхт, чорумӣ аз мусулмонӣ даст кашид, ки муслим хунрезӣ намекунад, бояд ҳама умр итоаткор бошад, сархам бошад, фармонбардор бошад, хуни ноҳақ нарезад, ба бачу качи ғайр чашми бад надўзад, ба одам теғ накашад, ба қисмат, ба тақдир, ба фармудаи Худо тан диҳад, аз фармони Парвардигор сар накашад, он чӣ аз осмон меояд, қаноат кунад – хоҳ бало бошад, хоҳ насиба... Мусулмонон муттаҳид нашуданд, балки ба фармони Худо итоат карданд, ки пароканда шавед, гурезед! Хунрезӣ накунед, зану фарзандонатонро монда равед! Чизу чораатонро монда равед! Кушанд, майлашон! Ғорат кунанд, майлашон! – гуфт… Он вақт намедонистам, ки одам чӣ хел болори хонаро бо хоку лояш бардошта, бомро сўрох карда мегурезад? Одам чӣ хел дар кўҳу ғору камар бе як бурида нон мегардад? Чӣ хел бо дарранда чанг ба чанг мешавад, чӣ хел мору калтакалосро зери по карда гузашта меравад, чӣ хел дар сармову гармо бараҳнаву гурусна намемурад? Ва чӣ хел ризқашро аз даҳони шеру гургу рўбоҳ кашида мегирад... чӣ хел саги чўпонро гулўгир карда, кушта, моли ўро мебарад?... Ва... чӣ... хе-ел... одам мекушад?

пешина
аз 429
навбатӣ