Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Аз боло садо омад, чандон хунук хўрданашро ҳам ҳис накард – садои ба санг бархўрдани санг.
Зукур гумон кард, ки Ваҳшӣ ба шабистонаш рафтанист, вақти рафтан пояш ба санг бархўрда, ноҷо кард ва сангҳои дигарро низ ин санг барканду ғелонд. Сангҳо аз тарафи ғор не, балки дуртар
– аз тарафи чаптар садо карда, ба сангҳои дигар бархўрда, рўи об фаромаданд. Гумон кард, ки сангпар аст, аммо ба гумонаш бовар накарда, ба пайроҳаи морпечи Ваҳшӣ баромада зеҳн монд, ки сиёҳие меояд ё на...
... Ваҳширо садои санг бедор кард – як қад парида хест, ки ба даст афтод: ин одаму «ҳамраҳонаш», ки пайроҳаро намедонанд, ба сангҳо бархўрда, ковокашро ноҷо мекунанд... сангпар мешавад.
Вай аз санге, ки такя зада хобида буд, дур шуд ва ба поён нигарист, ки агар касе бошад, дар хаволии ҳаво, ки санг ё харсангу буттае пеши онро намегирад, метобад. Он гоҳ худро дар паноҳи шаху харсангҳо гирад, касе намебинад... Нигоҳ карду нигоҳ, касеро надид – сиёҳие ба чашмаш нанамуд. Хам шуда аз буни санг нигарист, ки шояд синамол меомада бошад; ба замин ҳамвор шуда нигарист, ки шояд ба шакли аждар ё мор хазида ояд... Ва Ваҳшии ба андешааш рўи одамиро надида, синаи гиёҳ макида, намаки шах лесида ба воят расида, ҳаросид. Чизе дар тани ў ҷо шуд, ки дар солҳои наздик буданашро ёд надорад, лекин пештар буд: вақти ба даст афтоданаш, гоҳи дар маҳкама буданаш ва вақти гурехтану дар кўҳҳо аввалин бор танҳо монданаш. Сонӣ ба ҳамааш одат кард: ба дуздиву ғоратгариву қотилӣ,.. ва инҳо фаромўш шуданду «ваҳшӣ» гашт, кунун аз ҳама гуна сиёҳӣ, суроби одамӣ, садоҳои норавшан, ҷойҳои нобоб гурезон аст. Ваҳшӣ гумон надошт, ки як рўз ба хонаи ў меҳмони нохонда меояд; дар набудани ў ба хонааш даромада менишинад, ҳама кору кирдорашро мебинад, аз асрораш воқиф мегардад. «Чӣ хел ман ўро надидам? Чӣ хел тоқат карда ҳама корҳои маро медиду хапу дам меистод? Не-е-е, бе гап не.... Танҳо ҳам не... Хеле дилу гурда лозим, ки ҳайбати маро дида талхакаф нашавад... Боз бачча.. калон мебуд, гапи дигар буд... Танҳо не... Танҳо не... Бў гирифта омадааст... Ягон чўпон хабар додагист... Моламон гум мешавад, гуфта хабар додагист...
Сагонамон ҳам худ аз худ мемуранд, гуфта хабар додагист... Ана баъд, аз пайи ман афтода, ёфтанд... Мегурезад, гуфта, худашонро нишон намедиҳанду баччаро пеш меандозанд... Ҳум... Бачча! Гўё ки ба чанги ман тоб меоварад... Пўст канданро ба чашмат дидӣ, бачча, боз аз пайи ман чӣ меоӣ? Биё, биё! Наздиктар биё! Серӣ ё гушна? Албатта, ман барин бошӣ – аз рўи ҳарфи худат, ман барин бошӣ, гушна ҳастӣ, лекин аз пайи ман бошӣ, серӣ... Ҳама чизат таъмин, камбудие надорӣ... Туро ҳамту намефиристанд; сер ва мусаллаҳ карда мефиристанд... Лекин чаро ҳеҷ чиз надорӣ? На корд, на камон... ё зери остинат? Чӣ хел як кўдак дасти холӣ ба ман наздик мешавад – ба Султони кўҳистон?..

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор