Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вагарна ин зайл яку якбора «очаҷон!»
намегуфт, нола намекард, намехост, ки дар назари Ваҳшӣ хор намояд. Вай гумон мекунад, ки ин баччаи гўлу гумроҳ ба балое мубтало шуда, ўро ба имдод мехонад ва ё пурғазаб мешавад, ки барояш доми тазвир мегузорад. «Очаҷон, мемурам!». Аз миёни дандонҳои зиҳзада баромад ин сухан, вале то тори ғор нарафт
– ҳарчанд ки ҳама ҷо орому хомўшӣ буд, танҳо садои рўди қаър ба гўш мерасид ва андак садо дар ин фазои як тарафаш сип-сиёҳ гирифта ва се ҷониби дигараш кушоду ширмаҳтоб аз ҳама чиз тезтар паҳн мешуд, боло нагашт; гўё аз миёни дандонҳояш баромаду ба гўр даромад – гўр фурў кашид ин садоро. Ин лаҳза мисли кўдак буд, мисли пири барҷомонда буд... Кўдаки нотавон вақте мефаҳмад, ки аз дасташ коре намеояд, очаҷон мегўяд, пири барҷомондаи модарашро фаромўш карда, ятими бемодар, сарсахти дидори модар надида ҳам дар лаҳзаҳои танг, душвориҳо, нафасҳои охирин, пеш аз чашм пўшидан аз олам ва ҳатто лаҳзаҳое, ки бояд «Худо» гўяд, ин лафзро ба забон меорад: «Очаҷон!» Зукур ин ҳарфро гуфту андаке таскин ёфт. Гўё дард ҳам мунтазир буд, ки ў ин ҳарфро гўяд... Аз шиддати дард, аз ғел-ғели зиёди беихтиёр арақ кард ва надонист, ки тарии хонаи чашмаш аз арақ аст ё аз ашк... Ҳоло ҳам даст аз шикам набардошта буд, ҳоло ҳам зиҳи дандонҳояш кушода нашуда буданд, ҳоло ҳам гиреҳи абрўву чини пешонӣ гирифта буд. Кам-кам ҳамчу бойчечаки аз зери барф ба дидори хуршед баромада мекушод. Ва акнун ғам намехўрд аз хусуси Ваҳшӣ, аз ў дур рафтан кори душвор не, чунки худи ў мегурезад... аммо ба дидори онҳо расидан чӣ гуна мешуда бошад?
Ба дидори онҳое, ки дар паси кўҳҳои ҷануб ҳастанд? Андешаи ў ба ин тараф гашт: ба деҳа, ба зодагон... Андешаи ба истгоҳи роҳи оҳан рафтану иқрори гуноҳ кардану ба аскарӣ рафтан аз хотир баромад. Гумонаш, ки ҳар куҷо равад, мемурад, барои ҳамин он ҷо рафта, онҳоро дида, узри гуноҳ карда, ҳама азобу шиканҷаи чандрўзаро гуфта, модарро зор гирёнда, пасон мурад... Аммо мебахшида бошанд гуноҳи ўро?
Зукур нафаҳмид, ки ҳангоми ба дарди хеш гирифтор будан Ваҳшӣ фаромада ба ғор рафт ва ё ҳоло ҳам сари санг нишастааст ва ё бех-бехи сангу харсангҳо омада, худро якбора бар ў меандозад ё санги азимро бардошта ба сараш мезанад... Беихтиёр сар бар дошт ва дарди шикамро ҳам фаромўш карда, дастонашро аз шикам бозгирифт ва омода гашт, ки зарбаи аз он тарафи гўр омадаро баргардонад, аммо ҳеч гуна зарба, ҳеҷ гуна таҳдид набуд.
Якбора садое омад, ки оби рўдаки қаър аз як бар ба бари дигар гашта бошад – кори бод буд, ки аз тарафи офтоббаро вазида, мисли уқоб пуршаст то лаби об фаромада ва боз қувват гирифта, боло шуда чунин нағма мекунад, вале Зукур намедонист, ки ин боди як ғояти шаб аст ва ё боди сабо. Ў хунук мехўрд. Ҷомаи аз арақ таршуда ўро хунук мехўронд....

пешина
аз 429
навбатӣ