Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Ба кӣ мемонад? А, ба кӣ?» Хаёли хира аз пеши назараш мегузарад; на, зўри хотирааш намерасад, ки аниқ кунад... Хайр, ягон вақт ба ёд меомадагист, ҳоло вақти чунин кор не...
Моҳтоб набаромада Зукур худро паси гўр гирифта буд, ки Ваҳшӣ дар равшании моҳ ўро ҷўяд ҳам, наёбад. Хавфи дишаба дар тани ў набуд – хавфи танҳоӣ. Имшаб аз «ҳамроҳ» метарсид.
Худро шердил гирад ҳам, танаш меларзид: аз гуруснагӣ, хунукии оби хўрдааш ва боз аз ҳавои аз дўшина сардтар. Ҳарчанд ў худро ба гўр ҷафс мекард, ки ларзиши баданаш монад, ором намешуд.
Вай аз хавфу ҳароси Ваҳшӣ худаш – танаш, шикамашро фаромўш карда буд ва ҳамин ки шаб даромад ва Ваҳшӣ аз назараш дур гашт, гуруснагӣ хурўҷ кард, тани ўро ба ларза овард, шикамаш тобак зад. То чанд гушна гаштан мумкин? Аввал ў дарди шикамро чунон донист, ки рўзҳои дигар дард мекарданд, аммо чун хурўҷ кард, тарсид. Аввал панҷаро, сонӣ соидҳоро бар шикам гузошта, пахш кард, то дардро боздорад, аммо дард гум нашуд: каме шикам гарм шуду шиддати дард фаромад ва як-як сих мезаду тоб медод.
Хаёл кард, ки ҳамин зайл хобаш барад, дард рафъ мегардад. Шояд ин аз асаб ҳам вобаста бошад – тарсу ҳарос ба чунин ҳол оварда бошад. Хоб аз чашмонаш парида буд, на барои он ки то ними рўз хобида буд, барои он ки метарсид. Ҳо, аз Ваҳшӣ метарсид, ки худро тарсу вонамуд карда, гурехту як ғояти шаб фаромада, пахш карда, хафа карда, маҷақ карда мекушад. Ҳоҷати ин қадар тазйиқ ҳам не, ҳайаташ касро мекушад, аммо Зукур намефаҳмад, ки чаро мегурезад: «Наход гумон кунад, ки бар қасди ў омада бошам?...
Худи ў кист? Чаро ба чунин бозу аз ман мегурезад? Ҳаросаш аз чӣ бошад?» Андаке шикамаш гарм шуда, ба хаёл рафта буд, ки боз тоб дод ва ў ғелид: даст аз рўи шикам набардошта, балки сахттар пахш карда, паҳлўи гўр ғел гашт. Фарёд заданаш монда буд – лаб газида, чашм ва рухсор афшурда, абрў гиреҳу пешонӣ чин карда, дандон ба дандон монда, фарёди то гулў омадаро фурў менишонд – дар дил нола мекард ва аранге садо баромада ба гўши «мурда» мерасид. Нолааш ботинӣ буд, вале зўр, ки гирифт, андаке аз гулў баромада, дар ковокии даҳонаш гирд мегашт, баъд аз шиддати нафас ва садо даҳонаш ба танг омада, якбора лабонаш кушода мешуд ва аз миёни дандонҳо бурун мерафт: «Очаҷон!» Ин ҳарфро гуфтанӣ набуд, худ аз худ баромад, баланд баромад, ки ҳама дарди ў, ҳаяҷони ў, тарсу ваҳми ў, азобу машаққату хории ў... ва пушаймонии ўро ифода мекард. Ў надонист, ки чӣ зайл ин ҳарфро ифода кард, ин замон модараш пеши назараш набуд, падарашро ҳам ёд наоварда буд, Сангиной низ дар паси кўҳҳои дур
– ғамаш ғами онҳо не, ин калима ба забон омад; маълум, ки ба танг омада, маълум, ки дигар умеди беҳӣ нест, маълум, ки аҷали муаллақ наздик аст. Ваҳшӣ ё Ҷабраил аст ё иблис, ки сари шах истода ўро азоб медиҳад.

пешина
аз 429
навбатӣ