Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ба гумонаш: ин қадар сол гузашту акнун дарёфтандаш; айби худаш – беэҳтиётӣ кард; вай ҳеҷ гоҳ аз худ нишона намегузошт дар ғор – на паи по, на ошдону хокистар, на пўсту устухон, на ҳезуму белу ҷувол – ҳеҷ чиз; чунон эҳтиёткор буд, ки кас гумон намекард, ин ҷо зиндагӣ мекунанд. Солҳои зиёд, ки гузашт, бепарво шуд – гумон кард, ки ҳама чиз ба ҷои худ қарор гирифт, ҳама ҷангу ҷидолҳо басанда шуданд; мардуми Осиёи Миёна аз асорат озод гашта, соҳибихтиёр шуданд, дигар касе ба онҳо тааддӣ намекунад, боҷу хироҷ намеситонад, маҷбуран кор намефармояд, касе зан ё духтари касеро зўран кашида намегирад, бекҳо, аминҳо ба деҳаҳои дигар тохт намеоранд, турктозӣ анҷом пазируфта, ятимӣ хотима ёфта, бойҳо кушта ва камбағалон сер гаштанд... касе ба касе кор надорад – осуда, серу пур, беғам; касе аз паи касе намегардад – будану набудани ў чизеро каму зиёд намекунад... Аммо чӣ сабаб, ки ў боз лозим шуд?
...Ҳамон вақт – рўзи дастгир шуданаш фаҳмида буд, ки дигар муқобилат фоида надорад – мушт ба дарафш задан мубориза нест... Вале баъде ки болори маҳкамаи муваққатиро бардошта, ковок кард (наю хокашро гирифта), тори девор баромад, ҳамаро хуфта дида, паси хона нишеб шуда фаромад, ҳамон зайл то рўдхона хамида, лаб-лаби об боло рафта, пасон гурехта, ба кўҳ баромада, ҳама деҳаҳоро валу валангор, хонаҳоро яксони замин, оғилу амборҳоро холӣ, мўриҳоро бедуд, танўру оташдонҳоро сард, девлохро бемол, чўпонро беасо, обҳоро хунолуд дид... умедашро аз ҳама чиз канд ва кўҳ ба кўҳ бо роҳҳои оҳугузар, рўбоҳраҳаю хукраҳаҳо ҷанубтар рафт... ба ин ғор омад ва имрўз аввалин бор одамро аз наздик дид... Не... як бори дигар ҳам одамро дида буд
– аз ёдаш рафтааст, зеро ҳеҷ намехоҳад, ки дар бораи он кас фикр кунад... Намехоҳад, ки ў боз дар хобаш даромада, барои як ҳарфи ноҷо азият диҳад ва Ваҳшӣ ўро кушад, намехоҳад... Намехоҳад, ки боз барои ў гўр канад, намехоҳад, ки боз сари гўри ў туғ бардорад. Ҳоло ў тори ғор аз фаро расидани торикӣ парво накарда, аз ҷавони тануманд; аз қиёфааш, аз тарзи истоду ҳайату суханаш ва ҳаракаташ монандие дарёфта, фикр мекунад, хаёл мекунад, зўр мезанад, ки ақли кундшуда ёвар гардад, фаросати рафта баргардад, то ин монандиро ёд орад. Ба ин чизро дарёфтан зўри хотирааш намерасад. Зеро дар тўли солҳои зиёд, ки фикр кардану муҳокима рондан зарурате надошт, касб-касби ҳайвонӣ буд; тамоми ҳаракат барои ризқ пайдо кардану хўрдану хуфтан буд, қувваи ҳофиза аз миён рафта, чизҳои донистааш аз ёд рафта, ба дараҷае расидааст, ки зодаи инсон буданашро хаёл намекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор