Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ваҳшӣ баргашта аз сари китфи чап ба ў нигарист ва қомат хамонда тори санги дигар гузашт.
— Ако! Ако! Ман ҳам шумо барин!
«Чӣ хел ман барин?» Дар дил пурсид ў ва бовар накард: «Фиреб, найранг!»

IV

Торик мешуд. Чодари ваҳм мефаромад ва ин чодар бештар Зукурро мепечонд, то шабро дар куҷо рўз кунад: дар ғор? Ё боз дар паҳлўи гўр?... ва ё надонад, надонад, ки дар куҷо? Ба ҳар тақдир рафтори Ваҳшӣ нобоб аст – ошно намешудагӣ барин.
Барои ў чӣ фарқ дорад? Ҳама ҷо – хонаи ў. Вале чаро ин қадар тарсида гурезад, Зукур намефаҳмад. Шояд фиреб бошад?... Ваҳшӣ низ чунин андеша мекард, ки Одам ба ў дом мегузорад – дар ғор чанд танро пинҳон карда, баччаяк пеш меояд, ки бо вай муомила кунад. Аз сирри ў огоҳ шудаанд, ин ҷо монданаш мумкин нест
– ҳамин шаб бояд ҷой дигар кунад; бо ҳамон пайроҳаи тори шах, ки касе, ҳатто сайёдҳо вуҷуд доштанашро намедонанд, гурехта боз ба ҷойҳое равад, ки омада буд: аз ҳамон дуриҳо, силсилаи кўҳҳоро тай карда, камару ғор ҷуста, ба ин манзил омада буд, ки ҳар чӣ аз ватан дуртар равад, на сайёд шиносаду на чўпон... Ва оқибат чунон шуд, ки назди модари зораш гузоранд ҳам, намешиносад... Гурехтагурехта, ба назараш, ба даст афтид: «Бў гирифтанд, сагҳо!» Ҳамин қадар аз дил гузаронд ў, вале анҷомашро фикр накард. Умед дорад, ки боз гурезад, боз ғайб занад, то ба кофтан наёбандаш; боз ғоратгарӣ мекунад, боз медуздад; боз мекушад. Шояд ин бачча ҳам барои ҳамин омада бошад? Аҷалрасида!.. Вале ҳоло ҳароси Ваҳшӣ зиёд, мегурезад; тори шах, болотар, аз он ҳам болотар мебарояд, ки Одам садо кунад ҳам, овозаш нарасад. Ва агар аз пасаш ояд, санг ғелонда, ҷонашро халос мекунад, душманро – нобуд... Чунон ки ин хел корро пеш карда буд, бисёр карда буд; аз бист сол ҳам зиёд. Ў ҳоло шуморро гум кардааст ва надонад, ки чанд сол
– чанд баҳор омаду рафт. Аммо ёд дорад, ки чӣ хел гуреза шуда буд: як бор ба маҳкама афтоду аз он ҷо гурехт ва дигар нахост, ки ба даст афтад. Ҳамон гурехтану гурехтан на дидори хеш намуду на дидори табор дид. Ва намедонад, ки баъди он дар олам чӣ ҳодисаҳо шуд, воқеаҳое чун буданд: аз зодагону хешовандон ягон кас ҳаст ё на, деҳаи дурдаст вуҷуд дорад ё на? Як бор ҳам ин силсилакўҳҳоро тай карда ба он тараф нарафт, ки аз дур бошад ҳам бинад, диёраш вуҷуд дорад ё ҳамон вақтҳо аз барои ў шуда ба замин яксон кардаанд. Вазнин буданд он солҳо, касе намедонист, ки барои чӣ ин хел рафтор мекунанд; писар ба падар ва падар ба писар душман, писар ба падар хиёнат мекунад ва падар ба писар.
Бештар писарон беақлиҳо мекарданд, беақлакҳо!... Вай медонист, ки ўро дар он деҳа меҷўянд, дар он кўҳҳои баланд камар ба камар, ғор ба ғор, нова ба новаю зов ба зов мекобанд; тамоми оғилу каҳдону чордевори деҳаро чаппа-роста мекунанд, наздиконро ба шиканҷа мекашанд, ба барнагаштанаш бовар надоранд – модом ки гурехтааст, бармегардад, мегўянд ва гумон надоранд, ки вай ин қадар дур рафта бошад...

пешина
аз 429
навбатӣ