Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ваҳшӣ нигоҳ мекард ба ў, вале чизе намегуфт, ишорае намекард; вонамуд мекард, ки намефаҳмад, ба гуфтаҳои ў сарфаҳм намеравад.
— Ҳамин ҷо монам? – кўзаро ба замин гузошта пурсид Зукур.
Ҷавобе нагирифт. Ҳайрон, ки Ваҳшӣ аз сари санг намефарояд, сўйи ғор намеравад. Зукур қоматашро рост кард ва ҷониби ў табассум, аммо Ваҳшӣ як зайл меистод, мижааш хам намехўрд, қиёфааш тағйир намеёфт. Зукур боз табассум кард ҷониби ў, аммо маънии табассумашро нафаҳмид. Новақт буд барои табассум. Намедонист, ки Ваҳшӣ кист? Инсон аст ё дев? Будани ўро мехоҳад ё на? Бо Одам сўҳбат карда метавонад ё на? Ба ҳар тақдир табассум кард.
Шояд барои пайванди ошноӣ ҷустан буд, шояд барои таги дили ўро донистан буд? Шояд барои худро безарар, инсон ва хайрхоҳ нишон додан буд. Табассум кард ва пушаймон шуд. Қиёфаи ҷиддӣ ва бетафриқаи ўро дида пушаймон шуд... Ва ҳоло мехоҳад, ки назди ў рафта аз нав салом кунад, даст ёзида вохўрад ва матлабу муродро гўяд, аммо яқин дорад, ки Ваҳшӣ чизе намефаҳмад, хуш пазироӣ намекунад, боз пушаймон шуд.
Ду каси ноошнои ҳамақида якдигарро фаҳмида наметавонанд:
яке гумон мекунад, ки ба қасди ҷони ў омадааст, дигаре ошноӣ меҷўяду фаҳмонда наметавонад. Яке сари санг мисли лошахўр метобад – парешону жўлидапар ва ифлосу олуда, дигаре мисли зоғ танҳо дар паҳлўи гўр ва мунтазир, ки аз лошахўр чӣ боқӣ мемонад.
— Обро барам ба ғор?
Андаке сар ҷунбонд Ваҳшӣ ва баъди нигоҳи дурударози Зукур китфон ба ҳам фишурд. Зукур дарёфт, ки ў «ихтиёрат» мегўяд.
Кўзаро бардошт ва ҷониби ғор рафт. Ба даҳони ғор наздик шуда, бо гўшаи чашм ба вай нигарист ва аранге дид, ки сари санг аст.
Кўзаро монд, каме буни девораи дами ғор истод. Чун дид, ки Ваҳшӣ намеояд, боз баромад. Ваҳшӣ пойҳояшро низ рўи санг гирифта баҳузур менишаст; пой оғўш карда, кўзпушт менишаст, ки лошахўри тапа-тайёр буд. Зукури бетаҷрибаи гўл пиндошт, ки вай ҳаросида – шарофати одамиро баланд дониста, чунин рафтор мекунад. Боз назди гўр рў ба рўи Ваҳшӣ истод, дурудароз нигарист.
Сонӣ наздик рафт ба вай. Ваҳшӣ бархоста болотар рафт. Чунин рафтораш ба маймуне мемонд, ки одамиро масхара карда чорпо аз пасаш мебурда бошад. Ваҳшӣ хавф дошт, ки Одам танҳо нест, боз андаруни ғор ҳастанд. Набошад ҳам, баъди ўро дидани Одам дар ин ғор монданаш салоҳ нест.
— Нагурезед, ако, ман танҳо!
Зукури тарсуи буздил маълум набуд, ки аз куҷо ин қадар ҷуръат пайдо кардааст. Ба ҷои гурехтан ҷониби аҷал меравад, ки шердил шуда бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор