Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ваҳшӣ санги бардоштаашро канор афканд ва ба тамаъ сўи Одам нигарист.
— Об биёрам, ако?
Ваҳшӣ сўи кўзаи шикаста нигарист ва дур рафт – ҷониби харсангҳои шах.
Одам чашм аз Ваҳшӣ наканда пеш рафт ва мундиро аз паҳлўи гўр гирифта дид, ки об овардан мумкин аст. Боз ба Ваҳшӣ нигарист ва пайроҳаро нишеб шуд. Ваҳшӣ рўи ғўте нишаста, аз паси вай менигарист ва дид, ки роҳи обро намедонад, паст меравад.
— Ува! – садо кард аз паси ў. Одам сўяш нигарист ва Ваҳшӣ ба ишораи даст паҳлўи чапро намуд, ки роҳи об буд ва наздик.
Одам ишораи ўро фаҳмид ва барои аниқ шуданаш даст ба он сў ёзида, сар афшонд, ки роҳ ин аст? Ваҳшӣ сар ҷунбонд, ки роҳ ҳамон аст.
Зукур ба пас нигашта бо пайроҳаи уреб ҷониби рўдхона мерафт ва хавфаш он буд, ки Ваҳшӣ аз паси сар санг мезанад. Лаби об расида боз нигарист, Ваҳшӣ пайдо набуд. Кўза лаби об ниҳод дасту рўй шуст, рўҳ гирифта об хўрд ва кўза пур аз об карда, боз бо пайроҳа боло шуд ва ҳис кард, ки об меъдаи гуруснаашро кофт: чашмонаш сиёҳӣ зад, кўзаро оҳиста буни харсанг гузошт, ки ҳолаш табоҳ гардад, кўзаро саришта карда натавонад.
Нишаст. Ғарора кард. Як чиз аз меъдаву рўда боло шуда то гулў омад ва ҳаво баромад аз даҳонаш. Оби чашми аз зўри ғарора ба рўяш шоридаро кафмол кард ва боз кўзаро бардошта, ба паҳлўи рост гирифт ва пасу пеши харсангҳоро дида мерафт, ки...
Ваҳширо дар ҳамон ҷои нишастааш – сари санг дид. Гўё андешаҳои Зукур тамом шуд, акнун навбати андеша кардани Ваҳшӣ.
То рафта омадани Одам ў сад бор хесту нишаст, вале ба қароре омада натавонист. Беқарориаш нагузошт, то ў ба қароре ояд. Дар бораи Одам фикр мекард, дар бораи чуну чаро омадани ў, кӣ будану бо кӣ будани ў, ин ҷоро пайдо кардани ў ва боз андешаҳои дигар: «Якташ омада, насибаашро гирифт, бас набуд?» – сўи гўр нигоҳ карда аз дил гузаронд ў ва ришак кашид, ки одатан вақти таҳдид чунин мекард. Вале чунин рафтори ўро касе надид ва худ низ намедонист, ки ин таҳдид аст. Ҳар бор ки сари санг ковок мешуд ва ё қадаме дур мерафту бозмегашт, сўйи ғор менигарист:
«Наход ки интиҳояш ҳамин бошад? Наход ки ин бор шикор рафта ба даст афтида бошам?.. Маро фиреб мекунад ин одам... Вагарна...
вагарна кўдак, ғайрати бо ман рў ба рў шудан надорад – ҳайатам сад кўдакро гўронад... Наъра кашидам, натарсид, санг гирифтам, натарсид... Чунон сўям нигарист, ки сайёд ба чашми хирс.... Мақсадаш чист? Муродаш чист? Зиёда аз бист сол мешавад, ки рўйи одам надидаам, ба ин манзил қадами касе нарасидааст... Аз куҷо омад ин одамча ин меҳмони нохонда?»
— Барам? – ба кўза ва ба ғор ишора карда пурсид Зукур.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор