Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў боз аз кўза об гардонда, дастонашро шушт, боз кўза ба сар кашида қатраҳои охирини обро хўрд, ки думбаи хом ташна карда бошад. Кўзаи холиро беруни ғор монда, тобасангу санги сафедро, белро аз ҷое, ки гирифта буд, боз гузошт. Ҳоло ҳам Зукур ба хулосае наомада буд, ки бо ў чӣ кор кунад: худро рўшод кунаду баъд аз тақдир донад ва ё мунтазир шавад, ки Ваҳшӣ ягон ҷо раваду баромада гурезад? «Лаънат ба ин такдири шум!» Ба рўи хок, паҳлўи кўза каҷпаҳлў задани ўро дида гуфт Зукур ва ба сараш зад, ки обаш тамом шуд, бояд ба об равад – он вақт баромада мегурезад. Ҳамин ки кўзаро бардошта ба жарфно рафт, баромада мегурезад, паси харсанге ҷой мегирад ва ў баргашта, ки ба ғор даромад, мегурезад. Вале Ваҳшӣ намеҷунбид, ба об намерафт, барқасд барин. Ба назари Зукур ин бозӣ бозии сагу гурба тофт, ки саг гурбаро дар мўрие ҷой гиронда, даҳони мўриро поида меистад, то гурба баромада нагурезад... Ҳоло Ваҳшӣ надониста, чунин рафтор мекунад.
«Ако, кўзаро те, об биёрам!» ғулғула кард ин сухан дар дили Зукур. Андаке аз ҷояш бар рафт ва тарсиду сонӣ шукр кард, ки дар дилаш будааст, дар майнааш будааст. Ва ҳамин ният дар дилу мағзаш ҷой шуд, ки бояд бигўяд. Бояд бигўяд ва бо ҳамин восита ҳам худро ошкор кунад, ҳам ба хидмати ў бирасад. Аммо фикр кард, ки ў ҳарфашро фаҳмад ё на, забони ўро донад ё на ва умуман ў аз ҷинси забониҳост ё дев асту барои фиреби назар одамона рафтор кунад ва ё дар ғор будани ўро донаду ба назари Зукур чунин тобад ва ё... Равшан нест, чизе ўро равшан нест.
— Ако, кўзаро те, об биёрам! – Зукур нафаҳмид, ки чун баромад ин сухан аз даҳонаш, гўё дилаш якбора кафид.
Ваҳшӣ «вааъ!» гўён як давр зада ба пас нигарист, кўза аз дасташ парида ба гўр бархўрд, даставу гарданаш шикаст. Худи ў шах шуд. Одамро дида шах шуд ва чунон ки бо марг рў ба рў омада бошад, як қадам пас монд.
Зукур ба вай салом дод – даст пеши бар гирифта, баодобона нимтаъзим кард ва дид, ки Ваҳшӣ ба саломи ў сарфаҳм нарафта, чӣ хел пурхашм, бонафрат ва сип-сиёҳ гашта менигарад, чӣ зайл аз чашмонаш оташи ғазаб меборад... Гўё аҷал аз ғор пеш андохта баровардаш... Акнун аҷал рў ба рўяш ба хирси одамсурат гашта, ба ду пой рост меистад... Ваҳшӣ низ одамеро мебинад, кўҳналибос ва кўҳистонӣ. Гўё бар қасди ҷони ў чунин кўҳна пўшида. Хуб нигарист Ваҳшӣ ба ў, ки ҳангоми тангдастӣ зўраш ба вай расад ё на. Ба назараш кўдак намуд. Наъра зад ва ба замин хам шуд, то санге бардорад, бар фарқи сари Зукур фарорад. Зукур наҳаросид, балки ба ғор нигарист. Шунида буд, ки аз хирс, аз дев ва аз ҳама гуна ҳайвон гурехтан мумкин нест, зеро дар чунин сурат рўбоҳ шер мешавад. Боз нигарист ба ғор ва ин нигоҳ Ваҳширо парешон кард – гумонаш, ки Одам ҳамроҳ дорад...

пешина
аз 429
навбатӣ