Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

гуфт ва баъди мулоҳизаи зиёд боз бел ба ҷояш гузошта, пештар омад ва андаке даст боло карда ба чап ёзид. Эҳтиёткорона даст-даст карда, кўзаеро гирифт, латтаи ба даҳони он хастаро бардошта, росто оби кўзаро ба сар кашид, дам гирифта боз нўшид ва латтаро ба даҳони кўза ҷо карда ба тоқча гузошт, кафи дастон ба ҳам соида «Аааҳ!» гуфта, ҳаловаташро зоҳир кард ва боз пештар омад. Зукур яқин кард, ки аз будани ў огоҳ гаштааст; ҳамин зайл масхара карда – масхара карда пеш меояд ва ҳамин ки наздик шуд ва чашмаш ба торикӣ одат кард, ўро дида ва ё буданашро пай бурда «паҳ-паҳ, бўи одамизод!» мегўяд ва чанг зада... Не, ў боз ба болотари девораи ғор даст ёзида, як санги сафедро гирифта, баргашт... Аз назди ошдон тобасангеро бардошта, бурда назди ҷувол гузошт, санги сафедро болои он ниҳод ва даҳанбанди ҷуволро кушод. Дар лаби ҷувол ҳалқа баст, ки боз лозим мешавад. Чизеро аз даруни ҷувол кашид; пой бар кунҷи ҷувол пахш карда, гўсфандеро кашида баровард, ки на сар дошту на рўдаву шикамба – барои сабук шудани бор чизҳои барзиёдро афкандааст. Азбаски даруни ғор хока буд, гўсфандро берун бурда, рўи замини сахт гузошт ва пўстаки паҳлўи чапи хешро бардошта, корд аз ғилоф кашид. Тобасангу санги сафеди аз токдон гирифтаро низ назди гўсфанд бурд. Чаҳор дасту пои онро боло карда ба пўст кандан даромад. Магар неши корд кунд шудааст, ки боз ба ғор даромада, аз токча санги фасон гирифта, кордро санг зад, тез кард. Аввал пўсти сари синаро то гардан бурида, ба ду тараф фаровард, пўсти дасту поро низ чок кард, пасон пўстдумба фаровард... Аз дур ба назари Зукур намуд, ки Ваҳшӣ одам пўст меканад...
Як лахт думбаро бурида гирифт, ба санги сафед молида ба даҳон андохт ва нахоида фурў бурд, лахти дигарро молид ба санги сафед ва Зукур донист, ки санги сафед намак будааст... Ин тараф гардонд, он тараф гардонд, гўсфандро аз пўст фаровард ва омада кўзаи обро бурд. Дилу ҷигари гўсфандро бароварда, дилро чок карда, хуни кайҳо лахт бастаро бо неши корд ҷудо карда афканд, аз лаби шуш ҷойҳои нолозим –обилаву кирммонандҳоро бурида партофт. Дастони хунолудашро шушт... Дастони гўсфандро ҷудо кард, пойҳои онро ҷудо кард, думбаро бурид ва ҳамаашро майда карда рўи пўст гузошт, санги сафедро гирифта бо пушти корд зада, ба рўи гўшт пош дод ва гўштпораҳоро як-як ба қафасаи танаи гўсфанд андохт; лабҳои пўстро аз хоку хас тоза карда ба ҳам овард ва озод бардошта, бурда дар наздикии пои Зукур гузошт, лабҳои шоридаи пўстро аз нав ба ҳам овард... ва белро гирифта ҳар чизе, ки аз гўсфанд нишона монда буд – хун, пашм, ғадуду дасту пои бурида – тарошида, дур афканд, аз устухонҳо ҳам дуртар; ва фурсати зиёде нагузашта, лошахўр пайдо шуд, зоғ пайдо шуд...

пешина
аз 429
навбатӣ