Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Нишаста андаке дам гирифт – дароз кашид.
Болои хок дароз кашида, даст пушт бурда, харпанҷа андохта, зери сар гузошт ва чашм пўшид, то фароғат кунад...
Ва он тарафтар – тақрибан даҳ-понздаҳ қадам дарунтар Зукур сурати девори сангӣ гашта, мурданашро яқин кард: «Аз дасти одами ваҳшӣ халосӣ нест». Баъд пушаймон гашта, хештанро ҳақорат кард, ки ба фармудаи Худо шукр накарда, аз паймонаш гашт
– шабро намурда рўз карду хобро зад ва ба истгоҳе, ки гурехта буд, нарафт, то гуноҳашро шўяд. Акнун ин «дев» рафтан надорад аз ин ҷо. Зукур дар пешгаҳи ғор мурда, пўсида меравад ва Ваҳшӣ вақте мефаҳмад, ки ў гандад, бўйи ҳафт хар кунад. «Наход, ки Сангинойро надида мурам?» шубҳаомез аз худ пурсид ў ва андеша кард, ки чӣ роҳ мебод? Аммо ин ҷавони ба ақл кўчаку ба қувват бузург аз рўи фикру фаҳму фаросат ҳеҷ масъаларо ҳал карда наметавонист, магар зўрӣ, вале яқин мекард, ки ба ин марди сиёҳу сўхта, ки аз таъсири муҳит рангаш ба ранги кўҳҳо гаштааст, зўраш намерасад ва ягон ҳиллаву найранг ҳам ба кор бурда наметавонад. «Рўшод шудан лозим, мутеъ шудан лозим, дигар илоҷ нест,»
хулоса кард ў, вале боз тарсид: «Яке одамхўр бошад?» Ба девор ҷафстар шуда, боз фурўтар рафтанӣ буд, ки зери пои чапаш ковок омад ва яктарафа шуда, саҳл монд паҳлў афтад ва садое баромад, ки надонист санг афтид ва ё пояш ба чизе бархўрд. Ваҳшӣ сар бардошта бепарвоёна ба сиёҳии пешгаҳи ғор нигарист ва шояд такрор шуданашро хоста, хеле нигарон истод ва боз бепарвоёна сар бар харпанҷа ниҳод...
Якбора хест ва ҷониби ў қадам ниҳод. «Омин!» аз дунё дасту дил шуст Зукур. Ва андаке ба паҳлў хам шуда, даст-даст кард, ки замин аст ё чоҳ? Ба дасташ ҳаво меомад, дигар пас-пас рафтан мумкин не! «Уууу!» садо кард Ваҳшӣ, ки касеро метарсонда бошад ва ё ҳарфу нағмаи донистааш ҳамин бошад – барои тасаллои дили худ; барои хастагиро баровардан, барои ҷои танҳоиро пур кардан ва шояд таҳдид ҳам бошад ва шояд як намуди огоҳонидан ҳам бошад... Ў пештар меомад ва Зукур каф ба даҳон пахш мекард, то аз ҳарос якбора дод назанад. «Белро гирифтан лозим будааст».
Ва аввалин бор ақли ў барқсурат кор кард, ки белро мегирифт, аз торикӣ сўи равшанӣ рафта, чунон ба фарқи сари Вахшӣ мезад, ки ҳатто хабардор намешуд... Сонӣ ҳокими мутлақи ғор мегашт ва солҳо мегузаштанду пўстинапўш мешуд... Вале ҳоло маҳбуси бенишони тарсу ҳасту бас.
Ваҳшӣ аз ошдон гузашта, аз ҳезумҳо гузашта, ба дасти чап майл карда белро гирифт ва вазн зада, мазмун, бақуввату корой буданашро якин кард, «Ҳуммм!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор