Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

... Аз тори ғор чизе сахт ба замин заду ду-се кадам ғелида, дар ҳамвории миёнаи «дарвозаҳои» кушодаи сангӣ – паҳлўи устухонҳои зиёд ва ё чанд санги дигар қарор гирифт ва даруни ғор пур аз воҳима шуд. Зукур ҳама чизро фаромўш кард: ёди Сангинойро, шикорро ва ҳатто меъдаи холиро. Дергоҳ на ҷунбид ва на хест, ки ин кор такрор мешавад ва ё тасодуф аст. «Шояд оҳугузар бошад».
Ва баъди фурсати зиёд хеста, пештар омада, ба санг нигарист, аммо ғайрати аз дари ғор баромадан накард, то санге ба сараш нахўрад... Ин дафъа як чизи сиёҳи вазнин даҳонаи ғорро торик карда фуромад ва мулоим ба замин бархўрд. Ҷувол буд, ҷуволи алои кўҳнаи даҳанбаста, ки андарунаш чизе дошт. Фикри барқсуръат ба сари ў давид, ки кори одам аст – кори соҳиби ин ғор, вале дигар фикру андеша карда натавонист, ки анҷоми ин кор чист. Ҷуволи ало дами ғор парчини замин буд ва ўро метарсонд.
Азбаски гурезагиаш аз рўи тарс буду ақли кўдакӣ, на аз мардию ғаюрӣ, аз ин рў аз ҳар ҳодиса ва ҳатто садои ногаҳонӣ метарсид.
Ҳоло на аз ғор баромада метавонист ва на дар пешгаҳи он ҷой гирифтан. Зеро агар кори соҳиби ғор бошад, ҳама роғу комаҳои онро медонад, ҳоҷат ба пинҳон шудан нест. Ду-се қадам ба даҳонаи ғор наздик омад ва касе тела додагӣ барин пас-пас рафт то ҷои торики ғор, ки ҳар кию ҳар чӣ бошад, баробари назди ҷувол пайдо шуданаш мебинад ва баъд... Ва якбора ба ҳарос омад, ки аз торикӣ чашмонаш мисли чашми гурбаи ваҳшӣ чароғак натобанд, то кор расво шавад.
Поёнтар аз ғор – дар бари ғарбии он садои ба сангҳо бархўрдани санг баромад ва тақрибан пайроҳаро бурида, рўйи об рафт ва баъди дақиқаҳои дам ба дарун гирифта нишастани Зукур аз наздикиҳои гўр садо омад: садои сурфаи одам, пасон садои ғурриши хирсона. Зукур дил кард, ки тозон рафта, бели оҳанро гирифта пас гардад. Агар хирс бошад, бел олоти мубориза мешавад ва тарсид, ки расида наметавонад, ба чашм мехўрад. Рафту одам бошад, аз гум шудани бел хавф бурда, ғорро кофта меёбад ва қасди бад дониста хоҳ-нохоҳ мекушад. Дасту бозуву қуввати Зукур дар дигар кас бошад, хирсро аз пой меафканад, аммо камғайративу тарсуиаш ҷуръати ўро бозмедорад...
...Ў дупо мегашт, аммо одам ё хирс буданашро фарқ кардан душвор буд: тан ва сару рўяш пур аз пашм, бар дўш пўстак дорад, дар гирди миён ҳам, ки поёнтар аз думбаю нофро пўшад; дар пой як попўше, ки ба чӣ монанд буданашро кас сарфаҳм намеравад
– на мўкӣ, на чоруқ. Он ҳам аз пўстак сохта шуда, риштапеч аст:
маҳсули дасти соҳибаш. Вале корду ғилофаш аён. Монанди корду ғилофи чўпонҳои касбӣ дар паҳлўи чапи миёнбанд корду банд кашол ва дар ҳар тори кашоли чармии ғилоф як чизи ҷолиб ҳамойил:
чанги уқоб, нохуни гург, бузғунҷ, мўҳраи чашм… Аз даҳанаи ғор хеле бодиққат ба дарун нигарист, асо назди оташдон андохта, чизеро пай бурд, ки қарор истод ва сагона бўй кашид ғорро, безобита шуд, тану даҳонаш ба наъра задан омода гашт, ғуррида пас рафт, ба равоқи шахи муқобил нигариста, таҳдид кард ба он сў ва гўё ташвишаш бо ҳамин анҷом пазируфт, ки хам шуда ҷуволро аз офтоб ба соя кашид.

пешина
аз 429
навбатӣ