Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Магар осуда гашт, ки боз ғанабаш бурд...

III

Ўро офтоб бедор кард. Гарм карда, ба танаш ҷон дароварда бедор кард. Чашм кушод, нури офтоб рост ба чашмаш расид. Боз чашм пўшида сарфаҳм рафт, ки сахт хобаш бурдааст, чунон сахт, ки офтоб қиём кардааст. Ҷисму ҷонаш сабук метобад, маълум, ки дам гирифтааст. Чашм нимкоф мекунаду мепўшад ва боз мекушояд, ки офтоб бозӣ мекарда бошад. «Зинда... дигар чизе лозим нест.» Гўш медиҳад ба садоҳо. Кабкҳо мехонанд. Мазмун, обхўрӣ мефароянд, хонда-хонда мефароянд, ки сайёд бошад, маълум кунад худро, вагарна баъди об хўрдан вазнин мешаванд ва сайдашон осонтар мегардад – дур парида наметавонанд. Бештар чўҷаҳо кикир-кикир мекунанд ва ў ба хаёл меравад, ки боз ба ин ҷонварон дом меандозад...
Сар бардошта ба гўр дурудароз нигарист; барҷост ва ё сўрох шудааст, зеро шаб касе ўро бо асо хала карда хезонд… Ҳоло тағйироте надида, бархест. Хамёза кашид: «Дилу гурдаро бин-у...
аз садои бод меларзад...» ҳам таъна мекард, ҳам тасалло медод худро. Сўйи ғор нигарист. Ҳама ончунон, ки дўш дида буд.
Маълумаш гашт, ки ғор соҳиб надорад ва ў бояд ҳама ҷои онро дурусттар бинад. Ба дари ғор омад. Офтоб хеле ҷоро равшан мекард: ошдон, ҳезуми паҳлў, хокистари тоза, бели оҳани дастааш заранг, пўстакҳо ва лашу луши дигар метофтанд, аммо дарунтар
– пешгаҳи ғор наметобид. Пеш омад, дарунтар рафт, вале фаҳм накард, ки ғор васеъ мешавад ё танг, ба ҳар ҳол ў росто мегардад, қоматашро хам накарда. Таг надоштагӣ барин ин ғор... Баргашта ба даҳонаи ғор омад. Хокаи регдор нақши пои кадомеро қолаб гирифта буд, нав ё кўҳна буданаш маълум нест. «Ҷои хоб... Соҳиби он кӣ бошад?» ба худ гуфт ва андешид, ки Сангинойро ба ин «хона» меорад, зиндагӣ мекунанд. Дар алди торикии пешгаҳу равшании дамгаҳ бозистода, бо чашми чап торикӣ ва бо чашми рост рўшноӣ дида, ғорро аз назар мегузаронд, ки занашро дуздида орад, дар кадом ҷой манзил мекунанд. Сангиной аз сухани ў берун намебарояд, меояд, лекин Зукур ба ў чун мефаҳмонад, ки вай ба ёди ў дар ғору камарҳо зиндагӣ дорад... Баногоҳ сараш чарх зад, дилаш беҳузур шуд, паҳлўи бели рост гузошта нишаста, ба девораи ғор такя зад. Медонист, ки аз гуруснагист чунин ҳолат – ҳавои дар меъдаву рўда ҷойшуда гардиш карда, ўро нороҳат мегардонад.
Вале ба назари худи ў хумори бўйи кокулони Сангиной ба чунин ҳол овардаш... Ҳамин ки ба худ омад, аз пайи решаю меваи дарахтон шуда ва андар миёни харсангҳо камин гирифта, ҷои шабхоби кабкҳоро дида, ҷома бар рўяшон андохтан мехост...

пешина
аз 429
навбатӣ