Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Акнун афсўс мехўрад, ки чаро назди вай наистод, чаро маслиҳат напурсид, кӣ буданашро нагуфт... Аз остини кашолу холии шинели ў тарсид... Ва агар медонист, ки тарс ин хел мешавад, назди ў мемонд, ки баргашта ба истгоҳи қатор рафтан осонтар буд. Инсон пешомадро намедонад... Не, ў пешомадро медонист, медонист, ки ба даст меафтад... лекин ин хелашро чашм надошт; паҳлўи гўри кўҳна мурданашро чашм надошт... Агар ҳамин шаб намурда барояд...
Сари дилаш пур шуда, як чиз дар қафасаи синааш кафам-кафам мегуфт. Ў мехост ба тамоми овоз дод занад, аммо метарсид, ки бо садои ноҷояш ҷонварони кўҳистонро бедор мекунад ва онҳо ба ташвиш омада, аз нав ҳама ҷоро ба воҳима меандозанд ва шояд шунидаву шамида ҷонибаш оянд ва ў зинда-зинда нобуд шавад...
Ба ҷои ҳамаи ин «пиқ» гуфт ва гирист – китфонаш ҷунбида, танаш ларзида гирист ва касе пайдо набуд, ки ўро осуда кунад: гиря накун, даргузар аст, гўяд...
Ва гузашт ҳам: ў намурд, зиндаи аз мурда бадтар буд. Вазн бар гўр андохта, дастонашро кушода хобид ва нафас дарун гирифта, хомўш ва орому осуда истод, ки дар олам коре нашуда бошад, чизе вуҷуд надошта бошад: на шаб, на торикӣ, на даррандаву газанда, на деву ҷин, на одам, на кўҳ, на гўр, на ғор, ҳатто на худи ў. Нафас ба дарун дошт, чашм пўшид, ақлу ҳушу дилу хотираро кўр кард – чизеро намедид, намешунид, сарфаҳм намерафт. Хаёле аз дилаш гузашт, ки пештар ҳамин корро кардан лозим буд... Ва дигар ҳеҷ чизро ёд надорад...
Ва боз садоҳо бедораш карданд; садои мурғон, ки дарак аз фаро расидани рўз медоданд. Бод вазида, ҳаворо серунтар ва ҳатто сард гардонда буд. Пеш аз субҳ дар дили ў равшание пайдо шуд ва шод буд, ки ба рўз расид... Акнун аз гўр меҳаросид.
Ҳаросаш аз беадабиаш буд, ки бар он хобидааст. Фурў лағзид ва гунаҳгорона ҷониби гўр нигарист, ки беадабӣ кард... Оқибаташ чӣ мешавад, намедонад. Муродаш офтобро дидан буд, ки вай пеш меояд. Аз сўи Бохтар ситораи рўзро пеш андохта пеш меояд ва фазои он сўро хокистарӣ мегардонад, ситораҳо кам мешаванд.
Орзуяш буд, ки аз сиёҳӣ ба сафедӣ расад ва бо ин пайроҳаи шум нишеб шуда, ҳама сою сойчаҳо ва кўҳу кўҳталҳоро паймуда, то ба истгоҳи роҳи оҳан равад, гуноҳашро иқрор кунад: «саҳв шуд, аз гумроҳӣ буд...»
Рўи рўзро ҳам дид, аммо аз паси гўр ба пайроҳа нагузашт.
Дам гирифтан мехост. Гўё аз кори зиёд шалпар шуда, мадори ҷунбидан надорад, кўфти шабинаро бароварданист. Акнун рўболо хобида ба осмон менигарист, ки осмон даҳшат намезояд, балки ҳама сиёҳиву аҳриманиҳоро дур андохта, нур меборад. «Имшаб гузашт, шабҳои дигар низ мегузаранд». Аз осмон гирифта гуфт ин андешаро ва дигар ҳама андешаҳо бекор шуданд.

пешина
аз 429
навбатӣ