Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ў хунук хўрд; аз тарсу ҳарос, аз гушнагӣ хунук хўрд. Дасту пой ҷамъ карда, лўндаву ғунча шуда, пушти гўр хобидан мехост, аммо хобаш намебурд. Дастон каф ба каф гузошта, миёни ронҳо ҷой мекард, то андаке гарм шуда ларзиши танаш бозмонад, осуда гашта, фикре накунад. Нашуд. Ларзиши танаш намонд. Сар бардошта нишаст ва ба пайроҳа нигарист, ки касе меомада бошад; соҳиби ғор ё дузд ё фирорие. Бо дузд унс гирифтан шояд, аммо бо фирорӣ гумон. Касе наомад, чизе пайдо нашуд... Боз дароз кашид. Сангеро зери сар гузошт. Сахтӣ кард. Тоқиро қат карда бар санг ниҳод ва сар монд... Имшаб ҳама чиз ба танаш сахтӣ мекард, ҳама чиз шум метофт, ҳама ҷо воҳима дошт... Бадаш – садоҳо таъна мекарданд... Боз сар бардошт. Миёни пардаи сиёҳро суфта, нигоҳаш ба дуриҳо равона шуд, аммо ҷуз пардаи сиёҳ чизеро надид ва ҳамин ки сар бардошта сўи осмон нигашт, ситораҳои рахшон ва моҳи тобонро дид. Мурод аз сар бардоштан он буд, ки сўи деҳа назар кунад, натобад ҳам, назар кунад, ки дар паси силсилакўҳи дигар деҳаи ўст; он ҷо ҳама масти хобанд, танҳо модараш хоб мебинад ўро, ки ба чӣ ранҷу азоб бар марқад дароз кашида ва гоҳ-гоҳ аз гўр сар бардошта ба модараш ишора мекунад, ки биёяд, мадад кунад... Вале ҳоло ў хоб мебинад: дар танҳоӣ пеши назар меорад, ки мисли ҳарвақта ҳама хуфтаанд ва Сангиной дар хоначаи паҳлў, ки падар барояш ҷудо карда буд, танҳо мехобад ва чаро ў ба хона нарафта, дар ин ҷойҳо ҳел-ҳел мегардад, дил дар кафу ҷон дар лаб, аз бими деву ҷин талхакаф, азоби гўрро кашида зиндабагўр аст. Медонад, ки модар мегиряд, Сангиной мегиряд, аммо падар ба андеша меравад; фикр мекунад, ки чаро чунин шуд? Дар хонадони эшон чунин нашуда буд-ку?
Чӣ хел яку якбора гирифтанд, ки нафаҳмида монданд... Ва ў дар чунин ҳол ҳар қадар дод занад, ҳар қадар гўяд, ки хатоиро ислоҳ карданист, падар нашунавад.
... Ў бедор шуда, ҷаста хест. Зеро тарсида бедор шуда буд.
Маълум гашт, ки баъди гўрро оғўш карда хобиданаш, ўро ғанаб бурдааст. Ҳама ҷо торик буд, тарсаш боло гирифт. Ба назараш касе ўро бедор кард: наздик омада, бо нўги асо хала карда, баробари бедор шуданаш ғайб зад. «Туф-туф!» ба чоки гиребон туф кард ва даст болои чашм лапар, ки дар равшании ширмаҳтоб ҳар чиз ё ҳар кас бошад, метобад. Чизе набуд, касе нанамуд ва ҳаросаш афзуд. «Мукофоти хоин – ҳамин...» гуноҳашро медонист, вале ҳоло намедонист, ки ҳамааш ҳамин, ё машаққатҳои зиёд дар пешанд. Нишаст, ки дар поён ҳар чӣ бошад, хубтар метобад дар ин фазои моҳтобӣ... Акнун пай бурд, ки то субҳ вақти зиёд ҳаст.
Нав миёни осмон омадааст моҳ, то паси кўҳҳо ғелиданаш муддати зиёдест. Ҳеҷ садое нест ҷуз садои рўдак, ки дар қаър ҷорӣ мешавад. Ҳоло бе мадади бод ҳам садои он шунавост... Гўё бод ҳам хуфта, танҳо ў бедор аст ва шояд чўпони назди камарак ҳам бедор бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор