Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ваҳм кашида аз даҳонаи ғор баромад ва ба пастӣ, сонӣ ба дуродур нигарист. Силсилаи кўҳҳо пеши назарро мегирифтанд ва шояд дар паси он кўҳҳо Сайрон бошад, шояд дуртар. Ҳоло он ҷо рафтан мумкин не: меҷўяндаш, шояд аз барои ў чандин касон дар азоб бошанд. Халосӣ нест; гўё дар ҳама ҳолат марг мунтазир аст – дар ин ҷо ҳам, дар деҳа ҳам...
Пардаи хокистарӣ аз дур кашол шуда, оҳиста-оҳиста пеш меомад ва торафт тиратар мегашт. Пасон як пардаи сиёҳи вазнине шуд, ки ҳама борро бар дўши Зукур андохт. Илоҷи аз ин ҷо рафтан надошт: ҳам дер шуда буд, ҳам мадор надошт. Дар ғор хобиданро низ раво намедид. Паҳлўи гўр хобиданро авло донист. Гўё гўри муқаддас аст, балогардон мешавад. Дуртар аз гўр нишаст. Рўи ғўти дағал гузашт. Ва ҳамин ки осмон ситорабор гашта, моҳи шомхўрда даҳонаи ғорро равшан гардонд, паси гўр гузашт, ки хуфтан шуда бошад. «Бисмиллоҳи раҳмони раҳим, мадад аз азизон», гуфта чашм аз даҳонаи ғор намеканд, ки ана-ана ҳамон бадҳайати одамхор вазнин аз ғор баромада, бо нафаси оташбораш баргу буттаҳоро сўзонда, ҷониби ў меояд ва аз паси гиребонаш ба осмон бардошта, ҳамон зайл – бо сару либосаш фурў мебарад...
«Дар ҷанг мурам, беҳ набуд? Забони дароз» – гўё аз умраш чанд нафас монда бошад, пушаймон шуд ў ва ба қароре омад, ки умр боқист, фардо сабоҳ ба роҳи омадааш бозгашта, истгоҳи қатораро меёбад ва даромада арз мекунад ки аз қатора монда буд, ба аскарӣ фиристонандаш. Дил пурҳарос, чунин андешаҳо ба сар паси гўр дароз кашид. Ва садое пайдо гашт, ки ўро дар ҳама ҷо таъкиб мекард: аз камарак омада буд ин садо, аз ғор меомад ин садо ва акнун аз даруни гўр меояд – гуп! гуп! гуп! «Ҳууу!» садои бум буд.
«Бинг!» овози рўбоҳ буд. «Ваъъъ!» гурбаро талха медод шағол ва доманаву атрофи шах, болову поёни он пур аз садоҳо буд ва ба ҳамаи ин садоҳо садои гўр илова мешуд; танҳо Зукур мешунид ин садоро: гуп! гуп! гуп! Танҳо чизи бадҳайати дар мағзу дидаи ў ҷошуда аз ғор берун намеомад... Аз тори баланди ғор – аз баландии шах санге канда шуда, сангҳои дигарро беҷо карда, ҳо он тараф фаромад; Зукурро безобита кард. Ў аз паси гўр сар бардошта, ба тоқу дандонҳои шах нигарист, ки балоеро медида бошад, аммо ба назар чизе намерасид. «Ҳоли каси танҳо бад будааст... Худоё, зудтар шабро рўз гардон!» Вале ин шаб чунон тўлонӣ шуд, ки аз умри ў дарозтар. Ў ларзида-ларзида даст бар гўр ёзид, ки мадад мекарда бошад: «Азизон мадад кунанд!»
Як уллоси дуру дароз баромад, ҳо-о аз таг – аз қарибиҳои рўи об, ки баъзан бод меовард садояшро. Баъд дуртар аз он – аз офтобнишин садои сагбаччае омад, ки шағол будани ин талхагарро Зукур медонист. Вай тақлидкорона сагчаро масхара мекард. Боз садоҳои зиёд тарсу ҳароси ўро меафзуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор