Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гумонаш дар гирдоби бетаҳ афтод. Аз ин ҷо баромадан имкон надорад. Вай ҷавони варзида ва хондае набуд, ки ба ҳамаи ин чизҳо сарфаҳм равад ва роҳи баромад ҷўяд, аммо чун баччаи кўҳистонӣ устухони говро аз устухони гўсфанд фарқ карда метавонист; дар бораи кўҳистон, ғорҳо, деву ҷинҳо, дуздони одамхор, гургони ёлдори баччадузд, аждару морони дарёдаркаши инсонхўр... ва бисёр чизҳое, ки дар афсонаҳо мегўянд, шунида буд, аммо чунин макони устухонзорро нашунида. Ва дар афсонаҳо кам рух медод, ки дев инсонро хўрда бошад. Аксар вақт инсон – инсони қаҳрамону далер бар деву аҳриманиҳо фирўз будааст... танҳо дуздон пастиҳои зиёде кардаанд. «Эа-а-а... ин туғ мазори шайх аст, – гўё дарёфт ў, – мардум барои назру ниёз мол оварда қурбон кардаанд, барои ҳамин устухон зиёд...» Ҷои муқаддас донист ин ҷоро. Баъд ҳаросаш каме бартараф гашта, ба даҳони ғор рафт.
Гумон кард, ки хонаи бедар аст... Дарунтар нигарист, дар торикӣ пешгаҳи онро надид ва нишаст – ба девораи сангии ғор тахтапушт такя гузошта нишаст, то чашмаш ба торикӣ одат кунад, пешгаҳи ғорро бинад. Нафаси дароз баровард, чунон ки гов вақти пой қат карда шикам ба замин партофтан кунад. Садои нафасаш дар ғор паҳн шуда, хаёле акс дод – воҳимаангез. Ба гумони ў аждаре аз пешгаҳ дам андохт, ки ҳозир ё фурў мекашадаш ва ё аз ғор берун меандозад. Беруни ғор гирифт худро ва аз буна поид, ки чӣ бало мехезад аз ғор. Осуда шуда боз даромад ба ғори хомўш, чашмаш ба нимторикӣ одат кард. Дар паҳлўи чап ғарами ҳезум, ошдони сангӣ ва хокистари тоза дид, яқин кард, ки макони инсон аст, на макони девон... Ҳайрон буд...
Як мурғи азим боло-болои пайроҳа парвоз карда омада, тори устухонҳо нишаст ва гардан тофта ба ҳар ҷониб нигарист, сар хам карда аз замин чизе ҷўё шуд. Аз ҷои нишасташ чизе пайдо накард, ки дупоя ҷаҳида бар устухони дигар нишаст... сайру ҷустуҷў мекард, тўъма мехост аз миёни устухонҳо ё лоша. Магар аз бенавоӣ табъаш хира шуд ва хавфе дарк кард, ки баланд шуд ва рў-рўи пайроҳа рафта, бар фазо хест... Зукур лошахўр будани онро аз минқори бесўроби қатгаштааш ва парҳои ноҳамвори ҷо-ҷо сих задааш донист. Ҳо-о аз боло – аз тори қуллаи рў ба рў садои «ууу»
омад, ки уқоб буд, сонӣ «ак-ак-ак!» шунида шуд, ки чунин садоро ҳам ба уқоб нисбат медоданд... Хомўш андеша мекард, ки агар он шаб дар камарак чўпон пайдо намешуд, аз ваҳми устухонҳо талхакаф шуда мемурд, шабҳои дигар ба тақдир тан дод, одат кард ва ҳоло гумон мекунад, ки охирин шаб аст – аз миёни ин кўҳҳову ин ғор зинда баргаштан – гумон.
Офтоб гашт карда, сояи ин парраи шах ба он парраи шах гузашта буд ва баъди ягон соат пардаи сиёҳ ҳама ҷоро мепўшид.
Таги дили ў сиёҳӣ баровард ва яқин кард, ки дар ғор хуфта наметавонад – заҳрааш дарида мемурад ва фардо мурдаашро Лошахўр мехўрад.

пешина
аз 429
навбатӣ