Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ғашаш меомад, ғарора мекард, мегардонд... Одат кард. Ваҳшӣ шуд... Қароргоҳ донист ин шахи шиноси ношиносро, пайдо кард Ғори Амбалро...
Ғори Амбал як роҳ дошт ва як даромадгоҳ. Дар поёни новаи шах, ки гўё ду қуллаи он аз ҳамин ҷо ибтидо гирифта, душоха мешуд, ғоре воқест, ки аз рўи афсонаҳо на так дораду на охир ва агар равӣ, Худо донад, ки ба куҷо расӣ. Торик аст. Фақат вақти қиёми офтоб андаке равшан мегардад ва офтоб, ки гашт, торик мешавад.
Ўро ба ин роҳ пайроҳа бурд – пайроҳаи борики бегиёҳ, ки ҳама умр дар ин ҷо зиндагӣ вуҷуд дошта, рафтуомад мекарда бошанд, роҳ – тоза, вале ду канори он пур аз алафи хушк ва магар берун аз он ҷонваре намегардад, ки пояҳои зира ҷо-ҷо истодаанд, қиёқҳо низ рост. Ў бо пайроҳа бепарвою бошитоб нарафт, балки бисёр боэҳтиёт ва мулоҳизакорона рафт; паи пой ҷуста, нишонаҳои нав ҷуста, истода-истода, дам ба дарун гирифта, мурғона пой аз замин бардоштаву монда, мерафт. Тамоми буни харсангу ковокиҳоро наззора карда ва гоҳ-гоҳ ба офтоб нигоҳ чашм андохта мерафт, ки мадад мекарда бошад. Намедонист, ки ба ғор меравад ва намедонист, ки Абўшукур дар ҳамин Ғори Амбал зиндагӣ кардааст. Аз поён – хеле поён бод садои рўдакро меовард, боз мебурд... Кўҳсор чунон хомўш, ки ҷону ҷонваре надошта бошад.
Ду қадам берунтар аз пайроҳа як хода бар дўнгии сабади сарнагуносо устувор буд, ки дар нўгаш гиреҳи латтаи фасурда дошт; рангаш аз ранги хокистарии хода фарқ намекард... Ҷавони кўҳистонӣ Зукур чунин аломатҳоро мефаҳмид, ки чӣ маънӣ доранд: гўё замоне дар ин ҷо касе нобуд гашта, гўронда, ба сари гўраш туғ бардоштаанд... Ҳамин қадар мефаҳмид, аммо киву чӣ будани онро намедонист... Боз медонист, ки зиёратгоҳ мешавад чунин манзил ва шояд омадшуди зоирон пайроҳаро чунин равшан нигоҳ дорад. Ў натавонист беэътиноӣ карда гузарад: рў ба рўи гўр нишасту оят хонд, даст ба рўй кашиду раҳмат кард ва боз бархоста болотар рафт... Ва сари роҳ ҳаргуна устухонҳо пайдо мешуданд, ки миёни хасу хошок менамуданд, аммо рўи роҳ тоза буд. Ҳар қадар боло мерафт, устухонҳо зиёд мешуданд. Боло – ба пештоқи шах нигарист, ки шояд уқоб лона дошта бошад. Шах сўхта метофту дудкашида ва шояд аз ин рў онро Шахи Сиёҳ гўянд, аммо лонаи уқоб ё чизи дигаре наметофт ба назар. Пештар рафт, ба даҳонаи ғор расид ва ҳамон замон мўи сараш тоқӣ бардошт.
На пеш рафтанро медонист ва на бозгаштанро. «Ғори девон» аз дили ў гузашт ва боз сар бардошта ба тоқу токчаҳои шахи баланд нигоҳ кард. Пасон чизе дарк накарда ва ё пай набурда, нишонае дарнаёфта, сирре нафаҳмида ба замин дида дўхт; аз устухони зиёд боз дилаш таҳ кашид, вале фарқ карда натавонист, ки ин устухонҳо устухони чистанд.

пешина
аз 429
навбатӣ