Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Напазад чӣ?
— Напазад? Намедонам...
Ба назари Зукур ҳама суханони чўпон таҳдор, барои ҳамин хавф мекашад, ки Шодӣ ба гуфтаҳои ў бовар намекунад, гуреза буданашро дониста аз ин боб ҳарф намезанад, аз саргузашти ҷангиаш даҳон намекушояд. Зукур ҳам лаб фурў баста, ки сухан аз мавзўи ҷанг наравад; агар сухан аз ҷанг равад, вазъи деҳаро пурсуҷў мекунад Шодӣ, барои чӣ ба ҷанг нарафтани падарашро мепурсад, дилу нияти ўро мепурсад...
— Хайрият...
— Чӣ хайрият?
Зукур аз хурсандӣ гуфт ин ҳарфро, зеро шаб то рўз чашм сўи Офтоббаро медошт, ки кай субҳ медамад ва ин ниятро дар дил дошта натавониста изҳор кард.
— Субҳ медамад.
— Ҳа-а... Меравӣ?
— Агар шумо фотиҳа диҳед... Акои Шодӣ, агар аспи ҷирани пешонаву дасти росташ сафедро бинед, дошта баста монедаш, ман гашта меоям...
... Ва ў аспашро кофта-кофта рафт то Ғори Амбал...
Баробари садои ҷўрон ба сойча нишеб шуд, боз фарозро баромад. Торафт баланд мешуданд кўҳҳо ва ў намедонист, ки куҷо равад. Ў медонист, Дашти Моронро пайдо кардан осон нест, вале медонист, ки дар куҷои ҳамин қаторкўҳҳост. Чунон шахзору сойчазору пастобаланданд ин кўҳҳо, ки нишона нагузошта бошӣ, зери чашм накарда бошӣ, аз як сойча мебароиву ба дигараш гум мешавӣ; шаху шаху шах, танҳо об тавонистааст судаву суфта кунаду арра, ки аз қулла то домана ба ғўлаҳои аррида мемонанд. Зукур мераваду меравад ва сухани чўпонро, ки мурдани бобову номи ўро медонад, ба инобат гирифта, гумон мекунад, ки дар наздикиҳост Дашти Морон. Мераваду меравад, ҳулўлу дўлона мехўрад Зукур, бодоми талх мехўрад, аз даҳонаш оби сиёҳ меравад.
Зукур дар бадали як ҳафта ба ваҳшиён монанд шуд; дар камар, буни шахҳо хуфта, тарсу ваҳмро паси сар кард ва имон овард, ки дигар дастгираш карда наметавонанд... Вале хавфаш аз чўпон буд, ки ба ҷўяндагон роҳ менамояд ва боз хушнудӣ мекард, ки ба чўпон дурўғ гуфт, дар дунё Дашти Морон гуфтанӣ деҳа вуҷуд надорад, ба ҷустан намеёбанд. Ў болотар гирифт роҳро – баландтар баромад, дар ҷое қарор гирифтанӣ буд, ки пои одамӣ нарасад. Ва ба шахи сиёҳ расид; ба назараш шинос намуд ин шах, аммо ношинос буд.
Акнун дар доманаву паси харсангҳо ва камару дандонаҳои ин шахи азим мисли гамбуск мехазид ва гурбасурат аз ковокии санге ба сўрохии харсанге мегузашт. Дар чунин гардишу рафторҳо ҳиллае пайдо кард, ки баъд кор дод: қариби ғуруби офтоб ҷои хоби кабконро муайян мекард ва ҳамин ки торик шуд, моросо хазида наздик мерафт ва ҷома кашида болои онҳо андохта пахш мекард ва ду-се кабк ба даст оварда, сари онҳо бо санги теғак бурида, хунашон меошомид, гўшташон хомохом мехўрд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор