Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Дилам намекашад, монда шудам, хобидан мехоҳам...
— Хайр, бихоб.
Лекин хоби Зукур намебурд. Нафас ба дарун гирифта, ором меистод, то чўпон ба хоб будани ў имон оварад. Дар асл мехост хоби Шодӣ барад ва ў бархоста, гурезад. Боз андеша дошт, ки аз дасти чўпон раҳо ёбад ҳам, аз дасти сагон халос намехўрад. Паҳлў гашт. «Қисмат будааст, аз борон гурехта, зери новадон афтодам».
Гўё тан дод, хоб рафт, вале андарунаш ғуруре бардораш медод, намегузошт хоб равад; аз чўпон ҳам, аз сагон ҳам натарсида, хеста рафтанӣ мешуд, вале садои дам ба дам ангез додани чўпон сагонро, ўро дар ҷояш фурў мемонд.
— Ҳо-ҳо-ҳо-ҳо! Гиро-о гир! – ба рамаи каму хуфта рў оварда сагонро ҳушёр мекард, то дар ғафлат намонанд. – Хобӣ, бачча?
Ҷавобе нест. Зукур дар андешаи роҳи гурез аст: «Ба суханони ширини ў фирефта набояд шуд. Душманро ба шакар мекуштагӣ барин». Сар бардошт Зукур аз рўи бозуяш ва ба атроф нигарист, ки моҳ фурў рафта, чизе наметобад. Садои кавшаву нафаскашии гўсфандон меояд ва кадоме дигар - қушқор «ба-ба-ба!» гўён намегузорад, ки гўсфанде хоб равад. Чунин бозӣ Сангинойро ба ёди ў овард, хаёлан хеле навозиш кард, хумор кард... чанд бор ковок шуд, то хезаду гурезад, худдорӣ кард... Нашуд. Бархост, дуздона чанд қадам дур рафт.
— Ҳа!?
Овози чўпон мехи ҷафо гардонд ўро.
— Заҳр танг кард.
— Дур нарав!
Зукур дур нарафт. Паси хорбуттаи баргҳояшро серкаҳо канда нишаст, дергоҳ нишаст, ба умеде, ки чўпон хавф бурда ё садо мебарорад ва ё хеста меояд. Чўпон на омад ва на садо дод. Зукур гурехтанӣ шуд... Яке ба сараш зад, ки агар гурезад, чўпон фирорӣ буданашро дармеёбад ва хоҳ-нохоҳ аз пасаш меафтад ва ё хабар мерасонад, ки гуреза пайдо шудааст дар кўҳсор. Боз дудила хеле нишаст ва барои ба боварии чўпон даромадан, омад.
— Қариб гурехта будӣ-а?
— Барои чӣ гурезам, акои Шодӣ?
— Надонам, аз дилат гузашт, ки гурезӣ...
— Не, акои Шодӣ, некии шумо кўр мекунад... Ман гуреза нестам, ки...
— Гуреза нестию дилат чӣ хеле ки такопў дорад.
— Барои асп... Агар хоҳед, аспамро ёфта бурда ба падар медиҳам ва баргашта, ҳамроҳатон чўпонӣ мекунам.
— Аскарӣ намеравӣ?
— Аскарӣ? Гиранд, меравам, лекин хурд ҳастам.
— Ба чанд даромадӣ?
— Тут пазад, ҳабдаҳро пур мекунам...

пешина
аз 429
навбатӣ