Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Пеш даро!
Дили Зукур ларзид. Гумонаш яқин шуд. Ин ҳамон фармон аст, ки гунаҳгорро пеш андохта, даст баста мебаранд. Ў ёд дорад, ки чунин фармон пеш аз ҷанг ҳам, дар замони ҷанг ҳам кам набуд.
Омад ба сараш аз он чӣ метарсид.
— Гурезаӣ, ки ин қадар метарсӣ!?
— Не, агар ҳамроҳи шумо равам, аспамро ёфта наметавонам...
— Бе ин ҳам аспатро ёфта наметавонӣ.
— Барои чӣ?
— Магар ин он замон аст, ки аспи ту бесоҳиб гардад? Ин замонест, ки сақич аз даҳон мерабоянд.
Зукур моту мабҳут гашт, намедонист ба ин мард чӣ гўяд... Пас сар фуровард; ба умеде сар фуровард, ки фурсат ёфта, гурезад. Ва фикри дар сар омадаро дошта натавонист:
— Танҳоед?
— Танҳо... Шогирд шудан мехостӣ?
— Танҳо бошед, барои натарсиданатон ҳамроҳӣ кардан мумкин.
— Ман аз танҳоӣ наметарсам, гург намехўрад... хавфам аз танҳоии ту... Одами танҳоро зуд гург мехўрад.
Пичинг барин расид ҳарфи чўпон ба Зукур. Надонист чӣ гўяд.
Боз ба андеша рафт, ки чаро чўпон ўро ҳамроҳ биё, намегўяд, балки пеш даро, мегўяд.
— Чанд гурезаро дошта додед, ако?
— Ту аввалин мешавӣ!
— Ман гуреза нестам.
— Гуреза набошӣ, хап омадан гир, – маслиҳат барин гуфт чўпон ва барои он ки аз ин сўҳбат дур шаванд, боз сагонро ангез дод: – Ҳо-о! Ҳо-о гир!
Зукур аз гуфта пушаймон хомўш монд ва аҳд кард, ки дигар аз ў чизе напурсад, балки илоҷи раҳоӣ ҷўяд. Чўпон низ сухан намегуфт, балки ба диққат гўш медод, ки ў ҳамроҳаш меояд ё на.
Шарфаи пои ўро шунида хомўш мерафт...
... Чўпон дар дўлча айрон рехт, ба Зукур дароз кард, як пора кўмочро боз пора карда, як бурдаашро назди ў гузошт:
— Дар бисотам будагиаш ҳамин... Моли худам мебуд, гўсфанд мекуштам, аз они колхоз, мумкин не.
— Миннатдор, ако, лозим не, – гўё хаёлӣ мегуфт Зукур ва фикраш ба дигар ҷо буд – ба чўпон, ки ў чӣ касе бошад; ҳам мегўяд, ки туро дошта медиҳам, ҳам мегўяд, ки моли худам мебуд, бароят гўсфанд мекуштам.
— Гир, хўр!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор