Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Будам... – гуфт ў ва ба дасти чап асо бардошта остини холии дасти ростро боло кард. Пасон дар равшании моҳтоб дид, ки писарак ҷомаи кўҳна, тоқии нимдошт ва чоруқи дарида дорад.
– Падарат ҳам дар ҷанг набуд?
— Не! – зуд ҷавоб дод ў ва андеша кард, ки чаро ин хел мепурсад чўпон, – Ў пир аст... – пас сухан дигар кард: – Гўсфандҳои худатон?
— Аз они колхоз.
— Кам барин-а?
— Кам... Боз камтар мешавад... Тухмаш гум нашавад, гуфта чаронда гаштем...
— Дар деҳаи мо як кас ҳамин хел мол дошт, бой гуфта, аристон карданд... Аҷиб-а, ако? Моли худаш-ку, дуздӣ накарда бошад...
— Замони мо ин хелашро намепарварад... Ҳама бояд баробар бошад. Як кас хўраду як кас – мурад, не.
— Охир моли худаш-ку, аз падараш мондагӣ-ку?
— Ҳамин хелу мо барои ҳамин чизҳоро баробар кардан ин қадар ҷон кандем... Агар лозим шавад, аспи туро пештар аз худат пайдо карда мебаранд: ҳеҷ чиз гуфта наметавонӣ, чунки лозим.
Мамлакат ба ин чиз эҳтиёҷ дорад.
— Шумо хондагӣ, ако?
— Дар ҷанг... – кўтоҳ ҷавоб дод чўпон ва сухан дигар кард:
– Мол дур рафт, биё ҳамроҳи ман... Ҳо-ҳо-ҳо! – ангез дод сагонро ва овози онҳо аз дур баромад.
— Миннатдор, ако, ман аспамро кофтуков мекунам.
— Аспатро рўз мекобӣ, шаб не-ку? Ин ҷо танҳо буданат хуб нест. Биё ба девлох равем, рўшан шавад, мекобӣ...
— Не, ако, шуморо ташвиш намедиҳам...
— Ҳой, бачча, ту медонӣ, ки дар тариқати мусулмонон инсонро танҳо мондан хуб нест!
Зукур чӣ гуфтанашро надонист. Агар равшан мебуд, чўпон медид, ки Зукур чӣ баччаи тарсуро мемонад, чашмони бетаҷрибаи дуздонааш чӣ сир ҳувайдо мекунанд, ранги паридааш ба чӣ далел ҳастанд.
— Пеш даро!
Ҷон аз дасту пои Зукур бурд ин ҳарф ва хост ба чўпон дарафтад. Вале аз асои дасти ў тарсид. Умед дошт, ки аз якдаста будани ў истифода мебарад, вале корду асои чўпонӣ умеди ўро барбод медод.
— Яқин гушна ҳастӣ, сари қўш равем, ақаллан айрон мехўрӣ.
Зукур намефаҳмид, ки ў чӣ гуна инсон аст; на ба дилсўзиаш сарфаҳм мерафт ва на гумошта буданашро медонист; хаёл мекард, ки ў чўпон нест, балки намоянда аст; ба гуфташ аз ин истгоҳи роҳи оҳан бисёр мегурехтаанд ва ўро ба ҳукми чўпон ин ҷо мондаанд, ки чунин гурезаҳоро даст гирад ва ё хабарашонро ба марказ расонад.

пешина
аз 429
навбатӣ