Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Надидаам... Аз куҷо мешӣ?
— Аз Дашти Морон.
— Дашти Морон?.. Намедонам.
— Ин дур... Қариб ба Офтоббаро рафтан лозим.
— Аспи ту он ҷо гум шуда бошад, ин ҷо чӣ мекобӣ?
— Як чўпон гуфт, ки аспи моро дар ҳамин ҷо дидааст.
— Падару модар дорӣ?
— Ҳо!
— Ба кадом калла туро ин ҷо танҳо фиристодааст?... Кўдакро...
Чӣ ном дорӣ?
— Номам чӣ лозим?
— Кас донад, нағз-дия... Номи ман – Шодӣ.
— Ҳа-а, номи ман – Абўзукур.
— Абўшукур?.. Абўшукур гуфтӣ?.. Ман як Абўшукурро медонам, ки вай...
— Абўшукур не, Абўзукур!
— Инту гўй-дия! Ман як Абўшукурро медонам, ки ба мо рўз намедод. Лекин вай мурд, куштанд... Э ганда буд-эээ... На гўсфанд монду на чўпон... Худоё, намедонам, ки кӣ кушт... Ҳар чӣ бошаднабошад, куштанд. Номатро равшан нашунидам, гумон кардам, ки зинда шудааст. Қариб талхаам кафида буд.
Зукур чанд бор даҳон пур кард, ки ҳамон одам бобои ман, гўяд, аммо забон газид. Ў боз даҳон пур мекард, ки нон пурсад, аммо медонист, ки дар ин солу замона чизи аз ҳама қимат нон аст. Чўпон нон дошта бошад ҳам, доданаш гумон аст. Зукур то ин дам гурусна монданашро пай набурда буд – аз тарсу воҳимаву ҳаяҷони зиёд, вале ҳоло дар назди чўпон заъф задани шикамашро пай бурд...
— Падарат одами хуб набудааст, барои як асп баччаро сарсон кардан...
— Ман-худам... Ҷиранро нағз медидам, ако... – гуфт ў ва дамаш дарун зад. Ва чун дид, ки сару либоси чўпон низомиёна – шинелу телпаки аскарӣ дорад ва остини дасти росташ холӣ алвонҷ мехўрад, ба даст афтоданашро яқин кард ва боз иштиҳояш гирифт – сер шуд гўё... боз хомўш монд.
— Боз аз ҷанг нагурехта бошӣ, бачча?
Лаҳзае хомўш монд ў ва чароғи ба пилтааш равған давида барин зуд афрўхт:
— Ман ҳоло кўдак, ако... Аспро кофтанам барои он, ки ёфта, ҷанг барам... – ва хомўш монд, ки чўпон ба ҳарфи ў бовар мекунад ё сирри ўро ба муғамбирӣ пай мебарад...
— Барои он гуфтам, ки дуртар истанса ҳаст... Бисёр мегурезанд, баъд суросур карда медоранд...
— Аз афташ, шумо дар ҷанг будед-а? – қасдан сухан дигар кард ў, то аз хомўш буданаш чўпон гумоне набарад...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо