Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ў андаруни камарак дам ба дарун меистод. Ба девори сангӣ такя зада, мешунид, ки чӣ зайл садои тук-тук ба гурс-гурс бадал шуд; ба назар камаракро меларзонад ин садо. Зукур то алвақт аз танҳоӣ метарсид, акнун аз пайдо шудани инсону гўсфандон метарсад. Ва боз аз сагон, ки ак-ак карда то дами камарак омада, ғурғуркунон дум меликконанд, гўш сих карда он ҷониб менигаранд, чизеро бўй гирифтагӣ барин заминро ханҷол мекашанд, боз ҳаворо мебўянд, пеши пои чўпон иринҷос мезананд, ки он сў нигоҳ кунад. Чўпон ишораи онҳоро нафаҳмида рост меистод, гўё дониста ин корро мекард, дониста сагонро ба дигар ҷониб ангез медод, ки фирориро набинанд, ин ҷавони тарсуро талхакаф накунанд. «Ҳо-оо! Гир!» Ба он тараф, ба пеши мол садо кард ў ва як қадам паҳлў рафт. Вале даҳонаи камаракро кушодан ба фоидаи ў нашуд. Сагҳо бўй гирифта ба дарун нигоҳ карда меғурриданд, ягон-ягон ак мегуфтанд, баъд ба иринҷ-иринҷ гузаштанд ва дум ликконданд, ки аломати эҳтиёткориашон буд, чунон ки дар хафоле рўбоҳ ё харгўшеро ҷой карда бошанд. Чўпон аз рафтори сагон рамуз гирифта ба ҷояш нишаст ва диққат ба дарун дод, аммо чизеро надид.
«Халосӣ нест» аз дил гузаронд Зукур ва боз ба девори сангӣ ҷафстар шуд.
«Ҳоҳ!» – ангез дод сагонро, аммо онҳо думак мезаданду як қадам пеш монда, ба иринҷ-иринҷ мегузаштанд. Киллаи сиёҳ якзайл меҷакид, дарунтар мерафту боз пас мегашт... Чўпон асо ба девора зад. Аз дарун садои сурфаи паст омад.
— Инсонӣ? – гардан ба дарун ёзонда пурсид чўпон.
— Ҳо!
— Ку пеш биё!
Зукур тарсид, пеш наомад, истодаш як зайл буд.
— Пеш биё, мегўям! – сахт гуфт чўпон ва аз садои хеш дар танаш раъша давид, баъд пушаймонӣ кард: «Астағфуриллоҳ!»
Хавфаш он буд, ки дузд ё каллабуре бошад.
Зукур қомат рост накарда, сар ба сақфи камарак мерасидагӣ барин хам-хам пеш омад.
— Кистӣ?
— О... одам!
— Мебинам, ки ҳайвон нестӣ, сухан мекунӣ, лекин дар торикӣ, танҳо чӣ кор мекунӣ?
— Роҳгузар будам, дар торикӣ мондам... Агар медонистам, ки дар ин наздикиҳо мол ҳаст...
— Охир ин кўҳи баланд аст, роҳи гузар не-ку?
— Ҳо, медонам... Лекин аспамонро кофта-кофта ба ин ҷо расидам...
— Асп?
— Ҳо, ҷирани пешониву дасти росташ сафед...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо