Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Офтоб фурў рафт, говгум шуд, ситораҳо каме равшанӣ карданд, моҳ ҳам баромад. Тамоми рагу пайи Зукур кашида буд, ки ана-ана даррандае ва ё балое ба ў дармеафтад ва баъди чанд рўз устухонҳои ў низ дар даҳони камарак хушку ворафтаву урён мемонад ва пасовандони дигар дар миёни ин қадар шоху устухон мўю устухонҳои ўро дида ба устухони ҳайвон нисбат медиҳанд...
Ҷавони ҳаждаҳсолаи нав аз таги кўрпаи гарми падару модар баромада аввалин бор дарди танҳоӣ мекашид ва лаззати тарсро мечашид – баданаш меларзид. Меларзиду меларзид, табларза гирифт танашро, дастону манаҳаш ба бозӣ даромаданд, дандонҳо ба ҳам заданд ва ў як нафас дам ба дарун гирифта, қарор истод, то шунавад, ки аз куҷо садои даррандаҳо меоянд, вале ларзаи танаш зўрӣ карда, боз ба сони барги бед ларзид ва намешунид, ки аз кадом самт чӣ садо меояд. «Хубтар буд, ки мерафтам, хубтар буд, ки...» Дандонҳояш ба ҳам зада, намегузошт пушаймониашро гўяд. Ҷавонаки тарсу андеша мекард, ки агар ҳамин шабро рўз кунад, ҳодисае рух назанад, ба роҳи омадааш бозпас меравад ва дар роҳи қатора қарор истода ё назди сардори истгоҳ даромада, арз мекунад, ки дирўз аз қатора монд...
Даҳшат! Ин ҳарфи рост, ки аз хаёли ў гузашт, зиёдтар танашро ларзонд... Пас рўи хок дароз кашид ва ба гўшаш медаромад, ки касе ба девораи камарак тук-тук мекўбад. Хуб диққат дод, садо аз девораи камарак не, балки аз танаи худаш меомад ва ҳамин ки сар бардошта нишаст, «Чу!» аз куҷое омад ин садо. Ў, ки омодаи шунидани ин садо набуд, овораи муайян кардани «тук-тук» буд, аниқ карда натавонист, ки садои чист? Уқоб буд, чуғз буд, рўбоҳ буд, ки чунин садо мекард. Аз даҳонаи камарак андаке дарун лағзид ва гумон кард, ки ҳар чӣ бошад, ин ҷо меояд. Хеле нигарон шуд, аммо пайдо нагашт. Ў дароз кашид. Боз пойҳояшро ҷамъ оварда, якпаҳлў гашт ва чашмонашро сахт пўшид, то ҳама чизро фаромўш кунад. Ҷавони бетаҷрибаи тарсу роҳи тасаллии хешро намедонист ва чунон ба ҳаяҷон меомад, ки ана-ана мекафида бошад, чизе ба вай дарафтида медарронда бошад – ҳамчуноне ки аз рўи гумонаш дар майдони ҷанг тири аввал ба ў мерасид. То алвақт дил гуфта шикамро мефаҳмид, агар шикамаш ба дард ояд, «очаҷон, дилам дард мекунад», гуфта шикамашро сахт медошт.
Ҳоло ҳам намедонад, ки дил дар куҷои танаш ҷой мегирад. Ҳатто садои тапидани онро садои путки ба девор бархўрда медонист.
«Чу!» боз омад садо. Ин дафъа аз наздикҳо омад. «Ъай!» Зукур садои одамиро фарқ кард. Сонӣ садои сагон баромаданд. Тапиши дили ў тез шуд, арақ баровард, вале ҳоло ҳам намедонист, ки ин садои чўпон аст ё аз паи ў омада чунин овоз мебароранд. Садои ғелида ба сангҳои дигар бархўрдани сангҳо омад, овози ҳайвонҳо шунида шуд. Пасон як чизи сиёҳ даҳони камарро гирифт. Фашуфуши зиёди ҳайвонҳо воҳимаангез буд. «Чу!» ин садо як тораи асаби Зукурро канд, эҳсос кард, ки чӣ андоза ҷиз гуфт.

пешина
аз 429
навбатӣ