Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Аммо рўзе ба дасти ў афтид: Зукур ўро сахт дошту сар надод. Ҳарчанд Сангиной талвоса кард, ғалтанак зад, мўяву шеван кард, дастонашро газид, Зукур сар надод: дастонашро бо дастонаш медошт ва даҳонашро бо даҳонаш. Дасту пои Сангиной суст шуд... Ва аз болои камари Сурхнова селоба фуромад
– пардавор шорид, деҳаро аз камар ҷудо кард...
... Акнун Сангиной аз як чиз метарсид: дар қадаш бачча нашавад. Ҳарчанд ки ин муддаъои дили ў буд – ба падаршўву модаршў безурёт набуданашро собит мекард, намехост, аз шармандагӣ метарсид; рўзҳои аввали ба ҷанг рафтани Зукур мебуд ҳам – як бало, ба номи ў мебастанд, гапу калоча ҳам намешуд, ҳоло биринҷ обро набардорад. Аз як лаби даҳони мардум «ҳаромӣ!» мерезад ва ў наметавонад исбот кунад, ки ҳаромӣ нест, аз шўи никоҳии худаш аст. Ў аз пешина маъюстар мегашт, гирифтаву рангпарида, гумон ҳам надошт, ки чунин ҳодиса пеш меояд. Намедонист, ки ин чиз чӣ хел маълум мешавад, танҳо медонад, ки занон сарторик мешаванд, дилашон ба чизе меравад, ғарораву парто-парто мекунанд. Меларзид тани ў, азоб мекашид, аммо аз модар намепурсид, ки сирраш фош мегардад. Агар то ҳанўз азобаш яктарафа буд
– таънаҳои падаршўву модаршў, таънаву заҳри забони онҳо, акнун азоби ҳарҷониба дошт... оқибати ин амалро андеша мекард...
Вай аз Зукур мегурехт, чашми дидан надошт. Гуреза буданашро дониста, нафрат мекард, ҳатто гумон ҳам надошт, ки ба вай сар мефарорад, аммо чун шуд, нафаҳмид. Тафси бадани Зукур, нафаси гарми ў Сангинойро мумвор об кард...
— Оча!
— Чӣ дард дорӣ?!
Ва Сангиной ҳеҷ чиз гуфта натавонист. Медонист, ки дардаш зиёд аст, вале ин замон нишоне намонд аз он дардҳо, вақте донист, ки модар дард доштани ўро медонад, суханашро фаромўш кард.
Бархосту ресмон гирифту теша...
— Он дафъа ҳезуми бисёр овардӣ, боз меравӣ?
— Он дафъа борон буд, оча, зери камар нишастаму омадам.
— Шояд боз камаршинӣ равӣ?
Дасту пои Сангиной суст шуд, тешаву ресмон аз дасташ афтид, лабонаш, парраи бинивонаш париданд ва ларза ба тан гузашту фурў нишаст. «Тамом» аз дил гузаронд ў ва маҳин-маҳин гирист, гўё ба ҳоли хештан месўхт. Ў бояд мерафт; аз Камар гузашта, новаро боло шуда, ба ҷое мерафт, ки Зукур фармуда буд – ба Ҷайрахона. Зукур ўро мунтазир, як пуштора хорча ҳам тайёр карда мемонад. Аммо ҳарфи модар дасту пои ўро баст... Сархам рў ба рўи модар нишаста андеша мекунад, ки илоҷ чист?
— Ман бояд бимирам, оча!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо