Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ва ин дафъа модар хомўш буд. Пушт ба девори хона такя дода ва андаке аз духтар рў тофта, ба паҳно менигарад, ки ҳарфи духтар нашунида бошад. Вале духтар чашмдор, ки модар сахт мегўяд, нафрин мекунад, тешаи ба замин афтодаро бардошта, ба сари ў мезанад.
— Ман бояд бимирам, оча!
— Ту кайҳо бояд мемурдӣ!
Хест модар ва домон афшонда сўи дарвоза рафт, берун шуд.
Ва Сангиной мурд аз чунин «навозиш»-и модарона… Хеле мунтазир шуд, ки ў бармегардад, барнагашт. Куҷое рафт. Шишташишта андеша мекард, ки чаро модар чунин тунд мегўяд, бадтар аз модаршў ва ба хулосае меомад, ки аз асрори зери камар воқиф аст, ҳатто пардаи обии онрўза сирри онҳоро пўшида натавонистааст. Ё шояд аз чизе олуғда бошаду Сангиной девори намкаш барин ҳама чизро ба худ мекашад. Шояд олуғдагии писари баҷанграфта бошад, шояд рафтори писару домодро муқоиса карда, ба чунин ҳол ояд... Сангиной дар ҷои нишастааш арақ кард. Гўшҳояш қуфл заданд, сараш каду гашт ва танаш вазнин. «Ту кайҳо бояд мемурдӣ!» садо дар гўшаш сахт таъсир кард ва ў тешаву ресмон ба даст беихтиёр сўи боғ рафт. Сангиной баъди ҳамин донист, ки дигар орому қарор зиста наметавонад. Худдорӣ кунад ҳам қуввае ўро бардошта ё кашола карда мебарад; ба боғ мебарад, ба камар мебарад, Сурхноваву Ҷайрахона мебарад...
Ў дар шохи уреби тут ресмон андохта баст, ҳалқадаввак ҳам сохт, то худро дор кашида, дар чунин рўзи равшан аз тамоми гиру дори зиндагӣ чашм пўшад, аз шиканҷаву ҳарфу калочаи модаршў раҳо ёбад ва чунон озод шавад, ки...
«Сангиной!» халал расонд ин садо ва ў ҳалқаи сўйи сар кашидаашро ба гардан андохта натавонист. Садои аз сари девор ба замин афтидани чизи вазнине баромад...
— Ту чӣ кор мекунӣ?! Ман барои ту шуда аз ҷанг гурехтам!
— Лаънати Худо бод бар ману бар ту барин гуреза!
Зукур аз чунин сахтгўии ў хафа нашуд, балки нашунида ан гошт ва аз дасташ дошта кашид, ки пушти боғ гузаранд. Сангиной аввал чун кўдаки зуъмӣ вазн андохт, ки намеравад, вале баъди сахт оғўш карда, бўсидани Зукур нарм гашта ҳамроҳаш рафт, чунон ки гург барраро мебурда бошад.
Модари Сангиной ҳамин ҳолатро дид. Ҳангоми аз хонаи ҳамсоя баргаштанаш чашмаш ба Сурхнова афтид, ки деве духтарашро мебарад. Ў чизе гуфта натавонист, фарёд кашида натавонист, то ба худаш осебе нарасад... Ба боғ рафта ҳалқаи дорро дид ва ҳангаш канда, зери дор фурў нишаст ва ба роҳи борики Сурхнова нигарист, ки духтараш куҷо шуд. Сонӣ ба хулосае омад, ки ба духтар сахт гуфтани ўро ҷин фаҳмида чунин рафтор кардааст...
Сангиной бегоҳ баргашт, модар ба ў чизе нагуфт, напурсид, ки ҳезумаш куҷост, напурсид, ки дев чӣ кард бо ў ва дигар монеи ба кўҳ рафтану омадани вай нашуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо