Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ва чандин шаб аст, ки ҷисмаш хобу чашму дилу фикраш бедор аст. «Пагоҳ ўро мебинам... Дар камар наёбам, дар ғор мебинам».
Аз гирогири сагон маълум, ки имшаб омадааст, пагоҳ дар Камар мешавад. Сангиной ин саҳар ҳам тез хест – субҳ надамида. Вақти намоз гузоридани падар ба боғ рафт. Ҷорўби кашшак гирифта рафт, то хазон рўбад. Хазони тутро рўфта ҷо-ҷо ҷамъ овард ва болотар рафт, ки хазони зардолуи талхакро ғундорад. Ду-се ҷорўб мекашиду гўш медод, ки аз куҷое садо меомада бошад. Садо набаромад. Вале баробари кафидани чашми рўз аз паси сархор сиёҳие тофт ва Сангиной наҳаросид, балки бадиққат ба вай нигарист ва ҷорўби кашшакро рўи хазон андохта, ҷониби сиёҳӣ рафт. Рост истод рў ба рўи ў ва сар ҷунбонд: «Наход ки ту бошӣ, Зукур? Наход, ки гуреза шуда бошӣ?» Боз сар ҷунбонд ва Зукур сарҷунбонии ўро ба чӣ маънӣ донист, ки «аз барои ту!» гуфт ва майли пеш омадан кард. Аммо миёни онҳо девор буд, девори сархордор.
— Ҳамааш аз барои ту, Сангиной!
Ва Сангиной имон овард, ки ў Зукур аст, вале он Зукур не, ки аз назди ў рафта буд. Сиёҳ асту харобу ришдор. Ифлос ва чиркин, ки дар рўзҳои наздик рўи обро надида бошад. Дар ин субҳи босафои тозаҳаво Сангиной ҳамин хел як рўи ношустаро дид, табъаш хира шуд ва хештанро пас кашид, пушт рафт. Ҳама андешаҳое, ки шаб дар сар дошту мулоқоти ўро мехост, аз сараш парид ва ҷои онро як пора ях гирифт.
— Нарав, Сангиной! Гап ҳаст!...
Дили Сангиной ларзид, тани Сангиной ларзид, ки ҳозир падар намозро тамом карда, ба боғ меояд ва сирру савдоро мебинад...
— Бирав!
— Меравам! Меравам! Натарс! Ба ту зиён намерасонам... Лекин ту чаро аз хонаи мо омадӣ?
Сангиной чизе нагуфту гирист, сар ҷунбонду яктоз рафт, ҷорўбро набардошта рафт ва ҳамин ки аз буни хона сурфаи нимҷони падарро шунид, бозистод, то аз рафтору рангу рўяш чизеро пай набарад.
Сурфаи падар ўро ба худ овард, ки бозистоду баргашта он ҷониб нигарист ва дид, ки Зукур аз рахна гузашта меояд, даст ба даҳон бурд, то фарёд назанад. Сўи боғ тохт, то ўро боздорад:
«Бирав, аз барои Худо бирав, дар камар нишин, ман меоям!» ва боз башитоб сўи хона рафт.
— Ба ту ягон бало шудааст, Сангиной?! – вазъи беҷо ва мўи парешони ўро дида гуфт модар, аммо Сангиной ҷавобе нагуфта ба хона даромад ва зону оғўш карда нишаст.
«Напурс, оча, ин чизи мегуфтагӣ не!» лабонаш ба сари зону расида пичиррос зад ў, модар нашунид. Ва ҳамин сирри нагуфта дар дили Сангиной пўсид... Миёни обу оташ монда буд Сангиной; сўзад, ба об мезад худро, хунук хўрад, ба оташ. Дар хона бошад, дидори Зукур ҷозиба мекард, то назди ў равад, наздик равад, аз тарс пас мегурехт...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо