Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳаросиду баргашта сўи хона тохт, мадори пояш хушк шуда миёни боғ монд...
«Ман – Зукур, Сангиной! Чаро мегурезӣ!?» – аз паси харсанг баромада гуфт сиёҳӣ ва Сангиной фиреб дониста, ба пас нигоҳ накарда гурехт. Дар хона пинҳон шуд. «Чӣ хел?» Ҳамин қадар пурсид аз худ Сангиной ва дигар ба чизе ақлаш надавид... Хаёл кардану хомўш будан ва зону оғўш карда нишастан аз ҳамон вақт касб шуд. Ботинаш мехурўшид, дилаш буғз мекард ва қуввае мебардошташ, то аз хона бурун ояд... Таънаҳои модаршў ёдаш меомад, бозгардонда хона бурданҳои падаршў ёдаш меомад, бўсу канори Зукур ёдаш меомад, ваъдаҳо ёдаш меомад... дар хона нишаста наметавонист. Дарёфт соҳиби садоро, пай бурд маънии гирогири сагҳоро ва донист, ки аз барои кӣ омадааст ў. Ба касе нагуфт ин сирру савдоро... аз ҳамон вақт ҳезумкаш шуд, саргинчин шуд, кўҳрав шуд; номи девонаро гирифт.
Сангиной на аз барои Зукур, балки барои фаҳмидани он ки ў омадаасту чаро худро пинҳон карда мегардад, китфи боғ гузашт.
Рў ба рўи харсанги сафед истоду истод, вале чизеро надид, дилаш ваҳм кард, пештар рафта истод, касеро надид... Назди харсанг рафт, даҳонаи ғор рафт, касеро надид, сурфид, ҷавобе нашунид.
Боз ба танаш раъша давид, боз воҳима гирифт, ки фиреби назар будааст. Сонӣ хулоса кард, ки ба худаш ягон чиз шудааст: шояд ваҳмак. Ба назараш ҳар чиз метобад, ҳар садо садои Зукур мешавад... Ва минбаъд мерафту меомад, мерафту меомад; саргин мечиду шибоғ меканд, вале касе дучор намешуд, сиёҳиеро намедид ва аз чизе намеҳаросид: «Наход, ки ягон кас қасд карда бошад?»
Ва боз шабе сагҳо гирогир карданд ва саги онҳо худро дами дарвоза кушт. Падари Сангиной марди лоғари нимҷон ду-се «Ҳо!»
гуфта сагро ангез дод ва аз ҳавлии ҳамсоя боло шудани садои мўйсафедонро шунида хомўш монд. Аммо сагон қаноат накарданд, то рўз ҷакиданд. Сангиной паҳлўи модар нишаста сукут мекард, ки ин чӣ балост? Дар хонаи падаршў низ ҳол чунин буд, то рўз сагон фиғон бардошта пеш мерафтанду тарсида пас мегаштанд, хоби ҳамаро мепарронданд ва пагоҳ яке дузд омада буд, мегуфту дигаре гурги Ёлдорро бадном мекард... Вале андешаи Сангиной дигар аст: «Зукур!» Аммо сабаб чӣ бошад, ки дуздвор меояду меравад, на ба хонаи худашон ҷуръати даромадан дораду на ба хонаи падарарўс.
— Оча!
— Чӣ мегўӣ?
— Барои чӣ сагҳо хоб намекунанд?
Сангиной дарёфт, ки барои чӣ модараш ҷавоб надод. «Наход ки фаҳмида бошад?» Ва боз ўро хоб набурд; аз бозе ки сагон ин зайл гирогир мекардагӣ шудаанд, аз рўзе ки дар паси харсанг сиёҳӣ дидааст, аз вақте ки садои ўро шунидааст, хобпар шудааст.

пешина
аз 429
навбатӣ