Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

«Сангиной!» – аз даруни гандумзор меомад ин садо, «Сангиной!» аз паси хирмани ҷав меомад ин овоз, «Сангиной!» – аз даруни ҷўйбор, аз пали шолӣ, аз себзор, аз шохи дарахти тут, аз зери барги тотину ширешак, испаноғ меомад садо, аммо Сангиной ин садои зерилабии шиносро аранге мешуниду соҳибашро намедид.
Гўшҳояшро кафмол мекард, мекашид, биниашро дошта, зўр зада аз гўш нафас мебаровард, то шунавотар шаванд ва диққат медод, ки ин садо аз паси кадом бутта боло мешавад...
Ва ин садо аз буни харсанги сафед омад – ҳамон харсанге, ки болотар аз боғи онҳо дар даҳони камари Сурхнова воқеъ гашта буд. «Сан-ги-но-ой!» Оҳиста, ҳарф ба ҳарф – эҳтиёткорона омад ин садо ва Сангиной шах шуд. Овози шинос, вале андаке дупўста.
Сангиной ба худ омад, ба ҳама ҷо дида давонд, сўи боғашон нигарист, сўи нова нигарист, аммо касеро надид ва гумон кард, ки ҳамин хел дар сараш, дар дилаш ин садо пайдо шудааст. Пасон як сангча пеши пои ў афтид ва Сангиной ғелида поён рафтани онро дид. Аз рафти сангча муайян кард, ки аз кадом тараф омадааст.
Ў каланди сари китфро ба замин гузошт ва сўи харсанг, камар нигарист, ки ёри бозӣ кист. Касеро надид, садоеро нашунид ва боз каланд бардошт, ки сари ҷўй рафта, ба боғ об бандад. Ҳамин ки рў ҷониби сарбанд қадам ниҳод, садо такрор шуд: «Сангиной!»
Нигоҳ карду касеро надид, яқин кард, ки ҷин аст, ки номи ўро мегирад – ба қавли мардум: номгирак. Раъша давид ба танаш, мўи сараш боло шуд – рўймоли ғиҷими сафеди аз давраи арўсӣ мондаро бардошт ва ёрои сари об рафтанро накарда, баргашт. Аз пасаш сангча омад, вале нигоҳ накарда, ба хона омаду бистарӣ шуд... Сангиной ин савдоро танҳо ба модараш гуфт... Ва ҳамин ки аз бистар хесту рўи ҳавлӣ гаштан омўхт, овози шинос дар гўшаш садо медод ва қуввае ўро ба он ҷониб мекашид ва Сангиной миёни боғ рафта, ҷониби харсангу камар рў оварда менишаст; ба назараш касе менамуду ғайб мезад, сар аз буни харсанг мебароварду мекашид.
Модараш рафторҳои ўро мушоҳида карда, дунболаи ў меомад, ки духтар ба балое напечад. Вале Сангиной исрор мекард, ки модар аз паси ў наояд, ба ў халал нарасонад: «Оча, наё, дилам буғз дорад, мон ба ҳоли худ гардам.» Ва модар ўро танҳо мегузорад.
Сангиной барои занги дил шустан ҳар рўз ба боғ мебарояд. бехи дарахт мешинад, аз миёни сархор ҷониби харсангу камар менигарист ва баралоина медид, ки сиёҳие паси харсанг мегузараду ба камар, ба камар мераваду паси харсанг. Аввал сиёҳӣ қоматхамидаи ҷандапўш намуд ва ҳамин ки аз буни харсанг ним рўву як чашм менамуд, ба ҷин мемонд; мўи сари то дўш фаромадааш ба ҷин буданаш гувоҳӣ медод. Сангиной пушт аз такяи тути хурўсӣ гирифт ва афсуншуда то назди девор рафт, он сў нигоҳ карду нигоҳ карду нигоҳ ва ишораи ўро дид, ки даст мегардонд: «Биё!»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо