Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Гург аст ё дузд?
Дар он солҳо гург бало буд ва дузд балои дигар. Дузд гурусна буд ва гург аз дузд гуруснатар. Гурги Ёлдор молҳоро хўрд ва чанд кўдакро аз гаҳвора бурд, мардони танҳои роҳро дарид, сагонро низ бурд. Касеро ғайрат набуд, ки берун барояд ва модарон дилзада гашта буданд, ки гаҳвораи тифлон танҳо гузоранд... Сангинойи нозанини шаҳлочашм гўш ба берун дорад, ки чӣ садое бармеояд.
Дар хонаи дигар модаршў хамроҳи духтараш чун Сангиной ғайрат надорад, ки овоз барорад. Падаршўй ба умеди рўзӣ Пушти Ағба рафтааст, ки зимистон надаромада, ҷав ё гандум пайдо карда орад. Оилаи бемардинаро воҳима зиёд мешавад...
«Сангиной!» – ҳамчу нафас садое расид ба гўши ў. Сангиной дам ба дарун гирифта, дергоҳ гўш дод, то садо такрор ёбад ё на?
Ў гўшбақимор, ки овозро шинохта ё тозон ба пешвозаш мебарояд, ё бегона буданашро дониста, назди модаршў меравад, то он марди бегонаи беодобро калтаккорӣ карда ронад. Ба ҷои овоз садои ҷакидани сагашон омад ва аз дуру наздик ягон-ягон овоз баровардани ҳамсоягон... Шаби дароз Сангиной зону оғўш карда баромад. Нафаҳмид, ки чӣ буду чӣ шуд.
Саҳари мардон модаршў дари ўро кўфт:
— Келин, ҳо келин! – Сангиной дарро ба рўи ў кушод: – Имшаб чӣ шаб буд?
— Нафаҳмидам, – кифт дарҳам кашид Сангиной, – ман аз шумо пурсиданӣ будам.
— Аз ман мепурсӣ, ки хушдор дорам?
Чашмони Сангиной сўйи модаршў милт-милт карданд. Сари забонаш намеомад, ки гўяд: «Чӣ, ман хушдор дорам?» Гапгардонӣ накард ва як умр забонаш баста монд.
Шабони дигар ҳам сагони деҳа гирогир карданд ва рўзҳои дигар ҳам. Сангиной аз модаршў гап мешунид. Модаршў – зани барбастаи мардмиҷозу мардовоз, ки ба назар ғаму ҳузнро дар дил роҳ намедод, ҳарфи дар дил гузаронидаашро ба забон наорад, мекафид, ҳар гоҳ аз ғалмағали сагон шубҳа карда аз Сангиной мепурсид, ки чӣ гап аст? Ба Сангиной сахт мерасид ин суол, худдорӣ мекард. Баъдтар шод шуд, ки ҳамзабон нашуд бо модаршў.
Лекин забони модаршў аз заҳр задан намемонд: дигарон як шаб заношўйӣ карда мезоянду ў шаш моҳ дар оғўши писараш хуфта назойид, ҳатто обистан нашуд...
Ин дафъа Сангиной ба хонаи падар рафту барнагашт... Акнун саги онҳо гирогир мекард шабҳо. Аммо Сангиной намефаҳмид, ки ин аломати чист. Шабҳоро бедорхоб рўз мекард ва рўзҳоро дар кори колхоз кўр. Чашму рў аз нигоҳи одамон мегурезонд ва мепиндошт, ки модаршў ба эшон чизе гуфтааст; бофта ба пойи ў бастааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо