Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Намади сиёҳ ба шустан сафед нашавад... Ҳоло ў ба девонагон намемонд, ҳамчу бахтбохтае мулоҳиза мекард ва асрореро пеши назар меоварду танаш меларзид ва боз оби чашмаш мерехт, чунон оби чашм, ки Дашти Морони роғ-роғ кафидаро сер мекарда бошад.
Ба назараш ҳама хушбахтанд, ба ҷуз ў. Ҳатто занони шавҳарашон маъюбу маҷрўҳ аз ҷанг баргашта ва арўсони хати сиёҳи домодҳоро гирифта хушбахттаранд аз ў; тамоми занону кўдакону пирони дар ин солҳо аз бенавоӣ мурда ва аз гиёҳҳои камнамак варамида фавтида ва зодагони дар роҳи рўзии тифлон дар раҳурў ҷондода хушбахттар буданд аз Сангиной... ҳамаи ин чизҳоро аз лавҳи хотир гузаронда, гоҳе ба қадри хештан месўзад ин зани девонаавзоъ.
Ўро ҳама девона хонда буданд, вале надидаанд, ки девонагие карда бошад. Девонаҳо кори кардаашонро намедонанд, касеро озор медиҳанд, аз кирдори онҳо дигарон метарсанд, ақлу фаросати онҳо ба чизе намерасад, сар ба девору дар мезананд девонагон, баробари дар раҳурў пайдо шуданашон тифлон мегурезанд аз онҳо; Сангиной чунин девона набуд: хомўш буд ў ва ба касе кор надошт, баъзан дар танҳоӣ худ ба худ чиҳое мегуфт, ки хоси девонаҳост; қисса намекард, чизе намегуфт, асрор намекушод, дидаву шунидаашро ба ҷуз худаш касе намедонист. Рафту ба худ гуфтор кунад, пушаймонӣ буд. Чунон ки ҳоло: пушт бар кўҳ, рўй ба Дашти Морон дар торикии ҳавлангез тори бом яккаву танҳо нишастааст ва андеша мекунад, ки рўзе чунин яккаву танҳо мемурад ва намедонад, ки мурдаашро зоғу заған мехўранд ва ё морон.
Шояд морон ҳамин лаҳзаро мунтазир бошанд ва барои ҳамин ба ў осебе нарасонанд. Андеша мекунад ў ва радду бадал мешавад фикраш, ки морон барои бекас буданаш ба вай зарар намерасонанд. Ва боз гўё зани ҷинсурати танҳо пуштибони онҳо низ ҳаст...
Хаёл мекунад ў, дуру дароз хаёл мекунад, ки вақте мерасаду ё дар сари бом ё дар таги бом, ё буни сангдевори хона ва ё миёни хайли морон ҳаром мемурад, чунон ки Зукур дар Ғори Амбал...
... Зукур ба ҷанг рафт ва чунон бепою поча шуд, ки на хаташ омаду на хабараш. Сангиной ғамӣ мешуд – аз чанд ҷиҳат: ҳам барои беному нишон ғайб задани Зукур, ҳам барои дар хонаи падаршў нагунҷиданаш, ҳам барои аз Зукур нишонае ба вуҷуд наоварданаш ва алалхусус, заҳри забони модаршў ўро аз ҷон сер карда буд. Чанд бор Сангиной қаҳр карда ба хонаи худашон рафт, падаршў бозгардонд, ки писараш Зукур даромада ояд, хафа мешавад. Сонӣ...
... Сонӣ корҳое шуд, ки ба ҷуз Сангиной касе намедонист: Чанд вақт боз сагони гузар ва баъзан тамоми деҳа нимашабон гирогир мекунанд ва то саҳар хоб накарда меҷаканд. Дар ҷояшон меҷаканду меҷаканд ва якеро ғайрат нест, ки аз сари девор парида ҷониби адир равад, то донад, ки он ҷо чӣ сирру савдост?

пешина
аз 429
навбатӣ