Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Гўё барои кўҳ рафтану ҳезум овардан шабу рўз фикр мекард ва ҳамин ки вақту соаташ расид, оҳиста мехесту мерафт.
Баъзан ҳезуми овардаи ў – хорча ва ё кундачаи бодом, касонро дар ҳайрат мегузошт, ки кораш ва бораш мардона аст. Аввалҳо рост болои деҳа баромада, адирро рост шуда, аз кўҳ мардсурат ҳезум пуштора карда, овардани Сангиной маълум буд ва ҳамин ки роҳи Дашти Моронро ёд гирифт, рафтану омаданашро кас намедид. Муаммо буд корҳои Сангиной барои мардуми деҳа...
Дашти Морон маскан шуд Сангинойро. Миёни морон зиндагӣ мекард ў. Мардумро ба ҳайрат оварда буд, ки чӣ хел як зани танҳо миёни морон, дар як кўҳи хушк зиндагӣ мекунад? Магар морон ўро намегазанд? Ҳо, намегазанд! Касоне аз дуру наздик дидаанд, ки гирди хонаи сангии ў морҳои ранга мегарданд, ҳалқаву кулчаву забона мезананду мехобанд ва Сангиной вақти гашту гузор эҳтиёт мекунад, ки пояш ба онҳо нарасад...
Рўзгори Сангиной афсона шуд: онҳо мор не, парӣ... Сангинойро ҳифз мекунанд, эҳтиёт мекунанд; намегузоранд, ки касе ба вай наздик шавад ва киро ғайрат ҳаст, ки ба ў наздик шавад? Гўё дар он ҷо шаҳмор ҳам буд, сусмор ҳам буд, аждаҳор ҳам буд... боз парӣ, боз дев, боз ғўл; ҳамаи инҳо дар якҷоягӣ афсона месохтанд:
«Сангиной бо дев алоқа дорад... Сангиной кадом ғўлро нағз дидааст.» Сангиной рўи боми хонаи сангдевор, тори болору наю гил, бар мўйҳои парешонаш рўболо мехобад, ситораҳоро тамошо мекунад, ба таври худ аз миёни онҳо монандашонро меҷўяд, ҳеҷ намефаҳмад, ки чаро ин қадар аз ҳам дуранд ин ситораҳо, ҷуфт намешаванд ин ҷисмҳо? Ҳол он ки одам дар замин ҳам ҷуфт аст, дар осмон ҳам, мегўянд... Сонӣ ў бо нигоҳаш моҳро гусел мекунад. Ва шабҳое, ки гоҳ бекўрпаву гоҳ болопўш гирифта мехобад, ба ҳар садо, шарфа, овози дому дад диққат медиҳад, аз кадом самт ба кадом тараф хазидани моронро пай мебарад, кир-кири онҳоро фарқ мекунад ва ҳатто медонад, ки кадом садо дар чӣ ҳолат баланд мешавад... Ў боз садоеро мунтазир мешавад, ки ба ҳеҷ кадоми садоҳо намемонад... Садои аз кўҳи боло ғелон шудани сангро мешунавад ва чунон нафас дарун дошта диққат медиҳад, ки садои солҳои сол мунтазираш нишаста ҳамин бошад, барои ҳамин рўи бом мешуда бошад, бехобӣ мекашида бошад.
Мўи парешону даққиву ҷўлидааш ўро гарм кард. Қомат бардошта, рўи ҷогаҳ нишаста, зону ба оғўш гирифт ва аввалин бор ба андешаи дур рафт: чаро чунин рафтор? Ва дар ҷавоб гирист.
Гиристу гирист ва гумон кард, ки морон низ баробараш мегирянд.
«Худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ». Ба андеша рафт, ки чаро ин қадар азоб насибаш шудааст; аз одамон мегурезад, девонаю песу махав барин, чуғзвор сари боми ин вайрона менишинад?
Гирист – ба ҳоли хештан гирист, ба танҳоии худ гирист, ба девонагии хеш гирист, гиристу гирист, ки илоҷи корро намеёбад; кор аз кор гузашта.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо